01:47 21 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати маорифи Тоҷикистон ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ

Мушкил ҳал шуд: Нуриддин Саид созишнома бо "ДОМ" - и Оқохонро ба имзо расонд

дафтари матбуоти Донишгоҳи Осиёи Марказӣ
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
116310

Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон ва Шамш Қосим Лакха, раиси Шӯрои Парасторони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Душанбе созишномаи ҳамкориро ба имзо расонданд

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Дар ин бора дафтари матбуоти Донишгоҳи Осиёи Марказӣ хабар дода, афзудааст, ки маросими имзои созишнома 4  сентябр дар бинои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон сурат гирифт.

"Ҳадафи ин шартнома омода  намудани мутахассисони соҳибкасб дорои таҳсилоти олӣ ва  дар бозори меҳнатии дохилӣ ва хориҷии рақобатпазир, ҷорӣ намудани усулҳои нави таълим, баланд бардоштани сифати таълим, ичунин ба роҳ мондани  фаъолияти таълимӣ дар Мактаби улуми гуманитарӣ, табиатшиносӣ  ва дақиқ  дар шаҳри Хоруғ мебошад" — омадааст дар иттилоия.

Нуриддин Саид зимни имзои созишнома изҳори итминон кардааст, ки Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар омода намудани мутахассисони сатҳи байналмилалӣ, ки ба рушди кишварҳои худ ва минтақа мусоидат мекунанд, нақши муҳимеро иҷро менамояд.

Шамш Қоссим Лакха таъкид намудааст, ки Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо кумаки Ҳукуматҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ва донишгоҳҳои шарик дар Австралия, Канада, Аврупо ва Русия аз тариқи таҳқиқот ва омӯзиш додани донишҷӯёни боистеъдоди Тоҷикистон ва кишваҳои дигари Осиёи Марказӣ нақши худро дар рушди минтақа густариш медиҳад.

Ба иттилои манбаъ мактаби илмҳои инсонӣ ва дақиқи кампуси нави Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ ба донишҷӯёни Тоҷикистон имконияти беназирро фароҳам меоварад, ки бо ҳамсолони худ аз ду кишвари муассис-Қирғизистон ва Қазоқистон ва ҳамчунин кишварҳои ҳамсоя ба мушкилоти хос ба митақаҳои куҳистони онҳо расидагӣ кунанд.

"Ин мушкилиҳо таъсири тағйирёбии иқлим, намунаҳои нави рушди иқтисодӣ ва имкониятҳоеро дар бар мегиранд, ки тавассути рушди сареъи низомҳо ва шабакаҳои технологияи иттилоотӣ фароҳам оварда мешаванд", — таъкид намудааст дафтари матбуоти ДОМ. 

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ соли 2000-ум ҳамчун донишгоҳи дунявӣ, хусусӣ ва ғайритиҷоратӣ тавассути Шартномаи байналмилалӣ, ки аз ҷониби президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикисон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Волоҳазрат Оқохон ба имзо расидааст, таъсис ёфт. Ин шартнома аз ҷониби парлумонҳои ин кишварҳо ба тасвиб расида, дар Созмони Милали Мутаҳид ба қайд гирифта шудааст. 

Имзои созишнома дар ҳолест, ки соли гузашта Вазорати маорифи Тоҷикистон аз камбуди ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи ДОМ иттилоъ дода, изҳор дошта буд, ки ба ин далел ба ин муассиса иҷозати расмии фаъолият надодаст. Инак бо гузашти як сол аз қабули нахустин донишҷӯёну ифтитоҳи бинои ДОМ дар Хоруғ мушкил ҳал шуд ва ҷонибҳо созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонданд.

Барчаспҳо:
Нуриддин Саид, Оқохон, имзо, созишнома, донишгоҳ, Хоруғ, Тоҷикистон-Осиёи Марказӣ

Мавзӯъҳои асосӣ