12:56 24 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.52
  • RUB0.15
Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе Академияи Кембриҷро ифтитоҳ кард

Раҳмон дар Академияи Кембриҷ: ҷавононамонро барои донишгоҳҳои Кембриҷу Оксфорд омода созем

© Пресс-служба Президента Республики Таджикистан
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (153)
184410

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе имрӯз дар пойтахт муассисаи таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатии “Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ” - ро ифтитоҳ карданд

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, ин муассисаи байналмилалии Тоҷикистону Бритониё тайи 1,5 сол дар масоҳати 2345 метри мураббаъ бунёд гардида, дар он 500 ҷой барои таълиму тарбияи томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ фароҳам оварда шудааст.

“Таълим дар ин муассиса тибқи барномаҳои таълимии зинаҳои таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилоти Британияи Кабир ва мутобиқ ба стандартҳои давлатии таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, забони таълим забони англисӣ мебошад. Таълиму тарбияи томактабӣ дар маркази инкишофи кӯдакон ва таҳсилоти умумӣ бошад, дар се зина: ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ амалӣ мегардад”, - омадааст дар иттилоия.

Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи муассисаи мазкур изҳор дошт, ки донишгоҳҳои Оксфорд ва Кембриҷи Британияи Кабир аз ҷумлаи муассисаҳои таълимии хеле шуҳратманду бонуфузи олам ба ҳисоб мераванд ва таҳсил дар чунин муассисаҳои сатҳи ҷаҳонӣ орзуи ҳар як наврасу ҷавон мебошад.

“Аммо барои дохил шудан ба ин гуна донишгоҳҳо омодагии амиқу ҳамаҷонибаи довталабон зарур аст ва на ҳамаи хоҳишмандон метавонанд ҷавобгӯи талаботи онҳо бошанд. Бинобар ин, мо тасмим гирифтем, ки намояндагии донишгоҳҳои зикршударо дар кишварамон таъсис дода, дар заминаи онҳо ҷавонони худро барои шомил шудан ба зинаи таҳсилоти олии донишгоҳҳои зикршуда омода созем”, - гуфт раисиҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, ки роҳбарони муассиса нақша доранд, то соли 2020 барои ҷавонони синни аз 18 то 23 - сола коллеҷ бунёд намоянд.

“Дар он шаҳрвандони ҳам Тоҷикистон ва ҳам кишварҳои хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда, дар оянда онҳо метавонанд таҳсили худро ба тариқи гузариш дар коллеҷҳои кишварҳои хориҷӣ, ки бо Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ ҳамкорӣ доранд, идома диҳанд”, - таъкид намуд раисиҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарони дигар муассисаҳои таълимии пойтахти мамлакат талаб кардааст, ки таҷрибаи пешбурди корҳои таълиму тарбияро, ки дар ин мактаб ва умуман муассисаҳои пешрафта ба роҳ монда шудааст, омӯзанд ва дар ҷараёни фаъолияти худ усулҳои муосири таълимро ҳарчи бештар истифода баранд.

Мавзуҳо:
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (153)
Барчаспҳо:
ифтитоҳ, академия, Эмомалӣ Раҳмон

Мавзӯъҳои асосӣ