17:27 16 октябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.92
  • RUB0.14
Профессорон Ҷовид Муқим ва Иброҳим Усмонов

Устод Усмонов аз диди шогирд - доктор Ҷовид: мухолифат бо ҷинс ва асрори гармӣ

блоги Ҷовид Муқим
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
30120

Профессор Ҷовид Муқим, доктори илмҳои филология ва рӯзноманигори шинохта ба ҳайси шогирд ва ҳамкор шинохташ аз профессор Иброҳим Усмоновро ба қалам додааст

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Ҷовид Муқим устоди худ ва бисёри рӯзноманигорони Тоҷикистон, Иброҳим Усмоновро бо 70-умин солгарди зодрӯзаш шодбош гуфта, шинохташро аз шахсияти ӯ баён намудааст, ки Sputnik Тоҷикистон онро бетағйир пешниҳод мекунад:

Устоди гиромиқадри мо Иброҳим Кенҷаевич Усмонов ба синни мубораки 70 расиданд. Дар бораи устод тӯли ин солҳо таърифу тавсифи зиёде кардаанд, ки ба ҳамаи он меарзанд. Ман он суханҳоро такрор намекунам ва чанд хотираи худро оид ба он кас ба қалам медиҳам, ки шахсияти комил будани эшонро нишон медиҳад.

Шиносоии ман бо устод Иброҳим Кенҷаевич Усмонов ҳангоми донишҷӯӣ сурат гирифт. Соли 1987 мо 25 нафар довталабон шомили шуъбаи навташкили журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин шудем. Асоси гурӯҳи моро ҷавонони 17- сола ташкил мекарданд. Вале ману Саъдулло Ҳайдаров аз онҳо 9 – 10 сол калон будем. Ман баъди хатми факултаи иқтисодии донишгоҳу адои хизмати аскарӣ, Саъдулло бошад, баъди хатми Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент ва 8 соли собиқаи муаллимӣ дар деҳаашон барои омӯхтани журналистика ба факултаи филологияи донишгоҳ омада будем. Ниёзбек Қаландарову Рустам Назиров ҳам аз дигарон 5-6-солӣ калон буданд ва баъди хизмати аскариву собиқаи корӣ бо мо ҳамсабақ шуданд. Ҳамчунин Зайниддин Орифов ва Абдураҳмон Раҳмонов низ то дохил шудан ба донишгоҳ собиқаи кориву маҳсули эҷоди журналистӣ доштанд. Ҳамин буд, ки ману Саъдулло худро байни ҳамкурсон чандон "пир" намедонистем ва бо ҳама дӯсту тифоқ будем. Ба мо аз журналистика аслан 3 нафар – шодравон Асадулло Саъдуллоев, Абдусаттор Нуралиев ва Иброҳим Усмонов дарс мегуфтанд.

Вохӯрии мо бо устод Иброҳим Кенҷаевич нахуст дар рӯзҳои аввали курси якум ба вуқӯъ пайваст. Он кас ба синфи мо даромада, дар мавзӯи сару либоси донишҷӯ суҳбат карданд. Он замон пӯшидани шими ҷинс мӯд буд ва як шим 150-200 рубл қимат дошт. Маблағи мазкур баробари маоши якмоҳаи хабарнигори рӯзнома буд. Ман, ки одатан пӯшидани либоси озодро дӯст медорам. Бо шими ҷинс ба дарс меомадам. Устод Усмонов пеши ҳамкурсон маро эрод гирифтанд, ки дигар бо шими ҷинс ба дарс наоям ва гарданбанд бастанро ҳам фаромӯш накунам. Журналист бояд либоси расмӣ пӯшад, таъкид карданд он кас.

Он замон ҳанӯз донишҷӯёнро ба шиму костюм пӯшидану гарданбанд бастан маҷбур намекарданд. Боди бозсозӣ мевазид ва рӯҳияи демократии мардум боло мерафт. Ман гуфтам, он чизеро мепӯшам, ки мақбул аст. Воқеан ҳам, он кас ба ақидаи шахсӣ эҳтиром мегузоштанд. Ҳамин тавр дигар устод ба ман чизе нагуфтанд.

Бояд ёдовар шуд, ки худи устод ҳамеша шиму костюм пӯшида, галстук мебанданд. Боре зимистони қаҳратуни замони муосир дар донишгоҳ, ки синфхонаҳо сард буданд ва ҳама, чи донишҷу ва чи муаллимон палто мепӯшиданд, устод таги шиму костюм ва куртаи сафеду гарданбанд дарс мегуфтанд. Он кас, ки мудири кафедра буданд, дар танаффус ба мо, чанд нафар муаллимон, ки палто пӯшида бошем ҳам, аз хунукӣ меларзидем, бо лабханд гуфтанд:

— Хунук аст, магар? – Ман-ку аз гармӣ палтоямро кашида, дар кабинет мондаам.

Баъд устод сирри гармшавиашонро гуфтанд: он кас аз зери курта як жемпери ғафси пашмӣ пӯшида будаанд.

Устод ҳеҷ одати қасдгирии донишҷӯро надоштанд. Баъди баҳси шими ҷинс муносибати он кас ба ман бад нашуд. Баръакс, маро эҳтирому дастгирӣ мекарданд. Боре ман аз имтиҳони таърихи журналистикаи тоҷик ба як савол чандон ҷавоби хуб надодам. Устод баҳои 4 монданӣ шуданд. Ман гуфтам, ки устод беҳтараш баҳои 2 монед, ман онро аз нав месупорам. Воқеан ҳам, ин дафъа ҷиддитар ба имтиҳон тайёр шудам ва баҳои аъло гирифтам.

Ман ҳангоми дар курси сеюм таҳсил карданам, аз моҳи декабри соли 1989 як басти пурра ба ҳайси мухбири рӯзномаи навтаъсиси “Паёми Душанбе” ба кор даромадам. Бо кумаки устод И. Усмонов шӯрои олимони факултет маро аз ширкат дар дарсҳо озод кард. Ман акнун ҳуқуқ доштам, ки ҳар вақти дилхоҳ ва ҳатто пешакӣ санҷишу имтиҳонҳоро супорам. Он вақт донишҷӯён баҳоталабӣ намекарданд ва ман китобҳои назариявиро мутолиа карда, ба санҷишу имтиҳонҳо омода мешудам.

Баъди хатми курси дуюм, соли 1989 бо ибтикори Иброҳим Кенҷаевич аксари хамсабақони мо барои таҷрибаомӯзӣ ба рӯзномаҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон фиристода шуданд. Ҳадаф аз ин таҷрибаомӯзӣ дар баробари азхуд кардани малакаи касбӣ, боз шинос шудан бо ҳаёти тоҷикон ва баланд бардоштани рӯҳияи миллии онҳо буд. Аксар ба шаҳрҳои бузург Тошканду Самарқанд ва Бухоро рафтанӣ буданд. Устод ману Рустам Назировро, ки собиқаи корӣ дар газетаи “Меҳнати коммунистӣ”-и Файзобод дошт, ба ноҳияи Бойсун тавсия карда, гуфтанд:

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи тиббӣ
Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон

— Шумо, ки соҳибкасб шудаед, бояд ба Бойсун равед ва ба гуногунранг шудани саҳифаи тоҷикӣ мусоидат намоед. Ҳоло ин саҳифа якрангу хонданӣ нест. Фаромӯш накунед, ки аҳолии маркази ноҳия аксар тоҷик бошанд ҳам, вале ягон мактаби тоҷикӣ надоранд.

Гуфтаи устод воқеият дошт. Вақте ба редаксияи газетаи “Ғалаба”-и Бойсун омадем, воқеан ҳам, масъули саҳифаи тоҷикӣ барои хонданӣ шудани он чандон талош надошт ва аксаран бо як мавод ё ҳикоя онро пур мекард. Бо омадани мо саҳифа ранги дигар гирифт ва маводи гуногунранг дар он ба чоп расиданд. Кӯшиши моро дида, масъули саҳифа ҳам ба ҷунбиш даромад ва маводи хонданӣ менавиштагӣ шуд. Рустам ҳамчунин бегоҳиҳо барномаи тоҷикиро дар радиои маҳаллии ноҳия ба роҳ монд. Натиҷаи ҳамин кӯшишҳо буд, ки баъдан ҳамон сол дар мактабҳои маркази ноҳияи Бойсун синфҳои тоҷикӣ кушода шуданд.

Воеан ҳам, устод И. К. Усмонов ҳисси баланди миллӣ доранд ва барои шинохти тоҷикон сайъу кӯшиши зиёде кардаанд. Маҳз бо ибтикори он кас дар факултаи журналистика тадриси фанни тоҷикшиносӣ роҳандозӣ шудааст.

Устод баъди ҳафтае моро хабаргирӣ ба Бойсун омаданд ва дар деҳаи Бибиширин, дар хонаи директори мактаб, дӯсташон Халил Холов, ки мо ҳам он ҷо иқомат доштем, меҳмон шуданд. Мизбон ба хотири дӯсти дерин гӯсфанд куштанду танӯркабоб пухтанд. Устод моро низ дар катори меҳмонони обрӯманди ноҳия сари дастархон даъват карданд. Мо ҳам бо онҳо базм ороста, коняк нӯшидему кабоб хӯрдем.

Пеш аз хатми курси 4-ум, моҳи апрели соли 1991 мо барои бурдани таҳқиқоти сотсиологӣ серӯза ба ноҳияи Панҷ сафар кардем. Аз донишҷӯёни синфҳои болоӣ шунида будем, ки устод танҳо дар дарс сахтгиранд, вале фориғ аз он бо донишҷӯ муносибати баробар доранд. Ин гуфтаҳоро мо воқеан ҳам, ҳангоми меҳмонӣ ба хонаи ҳамсабақамон Холбегим Давлатова дар ноҳияи Панҷ эҳсос кардем. Устод бо мо якҷоя сари дастурхон менишастанд. Ҳамчунин бегоҳ, баъди бозгашт аз таҳқиқоти саҳроӣ бо Ҷамшед Қодирову Комил Алиев, Маҳмуд Шоев ва шодравон Рустамбек Миров нардбозӣ мекарданд.

Мо ба гурӯҳҳои 2-3-нафарӣ ҷудо шуда, барои таҳқиқоти сотсиологӣ мавод ҷамъ мекардем. Ману Саъдулло Ҳайдаров аз деҳае ба маркази ноҳия баргаштем ва хостем, ки дар қаҳвахонае хӯроки нисфирӯзӣ бихӯрем. Ин ҷо тасодуфан устод Усмоновро вохӯрдем, ки аз редаксияи рӯзномаи ноҳиявӣ баромада буданд. Он касро ба хӯрокхӯрӣ даъват кардем.

— Майлаш, бо шарте бо шумо ба хӯрокхӯрӣ меравам, ки агар пулашро ман ҳисобӣ кунам, — исрор карданд Иброҳим Кенҷаевич.

Мо ночор розӣ шуда, вориди қаҳвахона гардидем. Агарчӣ барои ман, ки дар рӯзнома кор мекардам ва моҳе 250-300 рубл маошу ҳаққи қалам мегирифтам, зиёфат додани устод ҳеҷ мушкилӣ надошт. Воқеан, он вақт нархи ғизо дар ошхонаву қаҳвахона ва ҳатто тарабхонаҳо гарон набуд. Ба як рубл метавонистӣ, ки дар ошхона бемалол серӣ хӯрок бихурӣ.

Ман пеш аз сафар дар дохили сумкаи суратгирии давраи шӯравӣ, ки хеле бузургҳаҷм аст, ба ғайр аз фотоаппарат боз 2 шиша коняки “Душанбе”-ро бо 2 баста шоколад ҷой карда будам ва доим онро бо худ мегардондам, то фурсати муносиб бо дӯстон нӯши ҷон бикунем. Вақти хӯрокхӯрӣ як шишаи онро аз сумка бароварда, “барои рафъи чангҳои деҳот”, гуфтам. Устод монеъ нашуданд.

Ман таҳти роҳбарии устод чанд сол кор ҳам кардаам. Охири моҳи октябри соли 1991 аз рӯзномаи “Тоҷикистон” ба шуъбаи иқтисоди Радиои Тоҷикистон ба ҳайси муҳаррир ба кор омадам. Баъди як моҳ ҳайати роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиошунавонии Тоҷикистон иваз шуд ва И. К. Усмонов муовини раиси кумита таъин гардиданд. Он кас маро ба кабинети худ даъват карда гуфтанд, ки ба мо одамони соҳибкасб ва содиқ лозиманд. Бинобар ин мехоҳам туро сармуҳаррири ягон редаксияи асосии радио таъин кунем. Он кас ба ман редаксияи ахбор ва сиёсиро пешниҳод карданд. Ман гуфтам, ки талаби ягон вазифа надорам. Ба ҳар ҳол он кас маро муовини сармуҳаррири сарредаксияи иқтисоди радио таъин карданд.

Бо даъват ва исрори устоди шодравон А. Саъдуллоев соли 1997-ум ман унвонҷӯи кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ шудам ва баъди дифои рисолаи номзадӣ, соли 2003-юм ба Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ба кор омадам. Соли 2004-ум бо таъсиси кафедраи журналистикаи байналхалқӣ ба он ҷо гузаштам. Аввалан мудири кафедраамон устод А. Саъдуллоев буданд. Баъди он кас устод И. К. Усмонов мудири мо шуданд.

Таҳти роҳбарии он кас кор кардан осону гуворо буд. Ҳаргиз сари муаллимон дод намезаданд ва баҳудаву беҳуда кор талаб намекарданд. Зеро медонистанд, ки муаллимон вазифаи худро медонанд ва онро аз сидқи дил иҷро мекунанд.

И. К. Усмонов роҳбари илмии ман набошанд ҳам, ҳеҷ гоҳ маслиҳату дастгириро дареғ намедоштанд. Вақти дифои рисолаи номзадиву докторӣ низ маро дастгирӣ карданд.

Соли 2000-ум китоби нахустинам “Ҳақиқат ва дурӯғ”-ро омодаи чоп кардам. Вақте ки навиштани сарсуханро аз устод хоҳиш кардам, не нагуфтанд. Он кас дастхатро хонда, ба котибаашон матнро дикта карданд. Баъди як соат сарсухан омода буд.

Бояд гуфт, ки ман садоқат ба илм ва журналистика, кор кардан бо донишҷӯён ва муносибати самимиро бо онҳо аз устодон А. Саъдуллоев ва И. К. Усмонов омӯхтаам.

Мавзӯъҳои асосӣ