13:53 14 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.60
  • RUB0.14
Студенты на выставке-презентации Образование в России старт успешного будущего

ФСБ таҳсили ғайриқонунии 28 донишҷӯи тоҷикро дар Русия ошкор кард

© Российско-Таджикский (славянский) университет
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
811 0 0

Котиби комиссияи қабули донишгоҳ дар шаҳри Ростови лаби Дон ба аъзоёни комиссия гуфтааст, ки аз номи чанд довталаб аз Тоҷикистон варақаҳои имтиҳоноти дохилшавиро пур кунанд

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Дар вилояти Ростови Русия котиби комиссияи қабули Донишгоҳи Дон 28 донишҷӯи тоҷикро ба бахши буҷавии донишгоҳ дохил кардааст. Дар ин бора Кумитаи тафтишотии Русия хабар медиҳад.

Мафаттиш муайян кардааст, ки корманди донишгоҳ соли гузашта вазифаи котиби комиссияи қабулро адо намуда, ба аъзоёни он гуфтааст, ки варақаҳои имтиҳоноти воридшавиро аз номи чанд довталаб аз Тоҷикистон пур кунанд.

Ҳамин тавр, 28 довталаби тоҷик донишҷӯи бахши буҷавии  донишгоҳи пурнуфуз гаштаанд, аммо дар натиҷа ин найрангро ФСБ Русия ошкор кардааст.

Зан ба сӯиистифода аз ваколат муттаҳам мешавад ва ба ӯ то 4 соли зиндон таҳдид мекунад.

Мавзӯъҳои асосӣ