Боздошти декани факултаи тиббӣ: нархи санҷишу имтиҳонро 2500 сомонӣ мондааст

Обуна шудан
Ожонси зидди фасод дар Тоҷикистон парвандаи қаллобӣ алайҳи Муҳаммад Турсунов, декани факултаи “Корҳои тиббӣ-ташхисӣ”-и муассисаи давлатии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявиро ба додгоҳ ирсол кардааст

ДУШАНБЕ, 24 дек – Sputnik. Тавре Ожонс имрӯз дар сомонаи расмияш хабар додааст, Турсунов аз донишҷӯ “А” барои гирифтани санҷишу имтиҳонҳояш 2500 сомонӣ талаб намуд.

Конверт с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ифтитоҳи парванда алайҳи 2 мансабдори солхӯрдаи идораи бойгонӣ барои порагирӣ

“Номбурда 25 сентябри соли 2018 баъди аз донишҷӯ “А” гирифтани 2500 сомонӣ дастгир карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ ёфта гирифта шуд”, - омадааст дар иттилоияи Ожонс.

Инчунин муайян шудааст, ки Турсунов ба ҳайси декани факултаи “Корҳои тиббӣ-ташхисӣ”-и Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ моҳи ноябри соли 2017 низ аз донишҷӯи факултаи таҳти идорааш барои пардохт намудани маблағи фарқияти фанҳо 2000 сомонӣ гирифта, аз ин миқдор 772 сомониро ба хазинаи коллеҷ супоридаасту  1228 сомонии боқимондаро тасарруф намудааст.

Ожонс таъкид намуд, ки тафтиши парванда алайҳи Турсунов бо иттиҳоми қаллобӣ анҷом ёфта, ба додгоҳ ирсол карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0