Дилбар Шоева беҳтарин омӯзгори Тоҷикистон дар соли 2018 эълон шуд

© Министерство образования и науки Таджикистана Шоева Дилбар – омӯзгори фанни таърихи гимназияи №74-и шаҳри Душанбе
 Шоева Дилбар – омӯзгори фанни таърихи гимназияи №74-и шаҳри Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пойтахти Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2018” ҷамъбаст гардид

ДУШАНБЕ, 2 янв - Sputnik.  Мувофиқи натиҷаи аъзои ҳакамон омӯзгори фанни таърихи гимназияи №74-и шаҳри Душанбе Дилбар Шоева “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2018” эълон гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, Дилбар Шоева бо мукофоти рамзӣ, мукофоти пулӣ бо маблағи чаҳор ҳазор сомонӣ ва нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” қадрдонӣ шуд.

Дар озмун панҷ нафар довталабон  аз ВМКБ, вилоятҳои Суғд, Хатлон,  шаҳрҳои Душанбе ва Варзоб  аз рӯйи 7 шарт байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

В министерстве культуры Республики Таджикистан состоялось подведение итогов конкурсов - Sputnik Тоҷикистон
Омӯзгор ва донишҷӯи беҳтарини Тоҷикистон маълум шуданд

Муовини Вазири маориф ва илм Латофат Назирӣ таъкид намудааст, ки озмуни мазкур охири ҳар сол бо мақсади дарёфти омӯзгорони боистеъдод, навовар, эҷодкор, қадрдонии меҳнати омӯзгор ва баланд бардоштани мақому манзалати ӯ дар ҷомеа, рушди фаъолияти касбии кормандони соҳаи маориф, тарғиби таҷрибаи пешқадами омӯзгорони беҳтарини Тоҷикистон гузаронида шуда, дар ин самт аз тарафи Вазорати маориф ва илм барои дар сатҳи баланд ва шаффоф доир намудани он тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Инчунин тамоми иштирокчиёни озмун Куканбекова Мунира – омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Хоруғ, Ҳукумов Бахтовар – омӯзгори фанни математикаи литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар, Ҳайдаров Муродҷон – омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ва Сафаров Ҷонибек – омӯзгори фанни технологияи иттилооти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №44-и ноҳияи Варзоб  бо нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” ва туҳфаҳои рамзию молии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва Иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илм қадрдонӣ шуданд.   

Лентаи хабарҳо
0