13:24 19 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Бинои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Вазорати маориф кормандон меҷӯяд: маош 1200 сомонӣ

© Sputnik
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
530 0 0

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон барои ишғоли ду ҷойи кори холӣ дар ин ниҳод озмун эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Тибқи эълони Вазорати маориф ва илм, ин ниҳод ба сармутахассиси шуъбаи низоми ахборотии идоракунии соҳаи маориф ва илм ва сармутахассиси раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ ниёз дорад.

Вазорат маоши мансабии ин ду мақомро 1200 сомонӣ гуфтааст.

Манбаъ афзуд, аз довталабон таҳсилоти олии касбӣ, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, малакаи хуби муошират бо ҷомеа, донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ,  донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ва  барномаҳои Word, Power point, Excel талаб карда мешавад.

Хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳоро ба нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Нисормуҳаммад-13А, Вазорати маориф ва илм то 14 феврали соли 2019, ҳар рӯз аз соати 14:00 то 17:00 ҳуҷраи 400, 412 супоранд. Озмун 19 феврали соли 2019  соати 10:00  баргузор мегардад.  

Вазорати маориф тавсия додааст, ки довталабон барои маълумоти бештар метавонанд бо телефони 227-67-07 дар тамос шаванд.

Мавзӯъҳои асосӣ