04:50 19 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.57
  • RUB0.15
Студентка в аудитории Московского педагогического государственного университета, архивное фото

Таҳсили ройгон: қабули довталабон ба мактабҳои олии Русия оғоз шуд

© Sputnik / Екатерина Чеснокова
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
593 0 0

Қабули ҳуҷҷатҳо тариқи электронӣ ба воситаи сомонаи http://russia.study/ сурат мегирад. Барои гирифтани маълумоти муфассал ба сомонаи http://tjk.rs.gov.ru муроҷиат намоед ё бо шӯъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи телефони 221 55 90 тамос гиред

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Ба диққати хатмкунандагони мактабҳои миёна расонида мешавад, ки намояндагии "Россотрудничество" дар Тоҷикистон қабули довталабонро барои таҳсил дар мактабҳои олии Русия тибқи бурсияҳо оғоз кардааст, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, 29 январи соли равон дар намояндагии "Россотрудничество" дар Тоҷикистон машварат барои нафароне, ки мехоҳанд таҳсилро дар Донишгоҳҳои Русия тариқи бурсия дар соҳаи фарҳанг ва санъат идома диҳанд, баргузор мегардад.

Хоҳишмандон метавонанд, ки аз мутахассисон оид ба раванди омода намудан ва супоридани ҳуҷҷатҳо барои қабул маълумот гиранд. 

Қабули ҳуҷҷатҳо тариқи электронӣ ба воситаи сомонаи http://russia.study/ сурат мегирад.

Барои гирифтани маълумоти муфассал ба сомонаи http://tjk.rs.gov.ru муроҷиат намоед ё бо шӯъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи телефони 221 55 90 тамос гиред.

Ёдрас мешавем, соли гузашта Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон дар як нишасти матбуотӣ дар шаҳри Маскав хабар дода буд, ки Маскаву Душанбе ҳамоҳангӣ карданд то теъдоди квотаҳои таҳсилро барои тоҷикистониён дар мактабҳои олии ФР, афзоиш диҳанд.

Русия барои довталабони тоҷик дар соли таҳсили 2017-2018 наздики 600 бурсия ҷудо карда буд.

Мавзӯъҳои асосӣ