14:50 19 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Талабаҳо дар пеши мактаб, акс аз бойгонӣ

Оғози парванда алайҳи директори мактаб барои “хешутаборчигӣ” ва исрофкорӣ

© Sputnik / Стас Этвеш
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
916 0 0

Мухторалӣ Муродов, мудири мактаби рақами 31-и ноҳияи Шаҳринав дар сохтакорӣ, хешутаборбозӣ ва исрофкорӣ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 11 мар – Sputnik. Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, додситони ноҳияи Шаҳринав алайҳи Муродов бар асоси моддаҳои 245 – исрофкорӣ ва 323 - сохтакории хизматии Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда оғоз кардааст.

Мудири мактаб дар он муттаҳам мешавад, ки бар асоси санади хароҷоти хазинавӣ 19 ҳазору 835 сомониро барои таъмир гирифта, 7 ҳазору 379 сомониашро  ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст.

Инчунин Муродов дар он айбдор мешавад, ки тариқи сохтакорӣ бародараш Усмоналӣ Муродовро ба кор дар мактаб қабул карда, барояш маош таъин кардааст.

Ба иттилои додситонӣ, Муродов Усмоналӣ ба мактаби таҳти роҳбарии бародараш ҳамчун посбон ба кор қабул шудааст, аммо амалан кор намекардааст.

Манбаъ афзуд, ки мудир дар санадҳо тариқи таҳрифкорӣ барои бародараш рӯзҳои пурраи корӣ нишон додааст ва ҳамин тариқ ба андозаи 5 ҳазору 479 сомонӣ ба давлат зарар расондааст.

Додситонӣ таъкид кард, ки феълан таҳқиқи парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи Муродов Мухторалӣ идома дорад. Назари худи айбдоршаванда феълан дар бораи ин иттиҳом маълум нест.

Мавзӯъҳои асосӣ