16:41 17 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.63
  • RUB0.15
Намоишгоҳи донишгоҳҳои Русия дар шаҳри Хуҷанд

Панҷ далели ҷавонони тоҷик барои таҳсил дар Русия – акс

Sputnik
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
541 0 0

Дарёфти осони ҷои кор бо дипломи Русия дар Тоҷикистон, адами ришват, сифати баланди таълим дар донишгоҳҳо, омӯзиши забони русӣ ва гирифтани мақоми шаҳрвандӣ дар Русия аз омилҳое гуфта мешаванд, ки бештари ҷавонони тоҷик таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои Русияро бартар меҳисобанд

ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Сӯбҳи рӯзи якшанбеи 14-уми апрел даҳҳо ҷавонон, умдатан хатмкунандаҳои мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Суғд ба намоишгоҳҳои байналмиллалии донишгоҳҳои Русия ба Хуҷанд омаданд. Дар баробари ҷавонон, волидони онҳо ҳам аз намоишгоҳи донишгоҳҳои Русия дидан мекарданд.  

Шарифа Саидова, сокини шаҳри Истарвшан ва аз ширкатдорони намоишгоҳи донишгоҳҳои Русия дар Хуҷанд гуфт, ки писараш, Муродҷон мехоҳад дар риштаи иқтисодии донишгоҳи Санкт -Петербурги Русия таҳсил кунад. Муродҷон Саидов  писари дуюми ӯ буда,  фарзанди калонияш низ, ҳоло дар бахши барномасозии соҳаи энергетика дар донишгоҳи давлатии энергетикии шаҳри Маскав таҳсил мекунад.

“Дар донишгоҳҳои ҳудуди кишварамон ришвату фасод мавҷуд аст. Дар Маскав писари калониям таҳсил мекунад ва ҳамеша таъкид мекунад, ки талаботи донишгоҳҳои Русия сахт буда, ба сифати таълим аҳамият медиҳанд. Ман мехоҳам фарзандонам мутахассисони касбии соҳаи худ бошанд”, - иброз намуд Саидова.

Иброҳимхӯҷа Сироҷиддинзода аз шаҳри Исфара, довталаби таҳсил дар Русия
Sputnik
Иброҳимхӯҷа Сироҷиддинзода аз шаҳри Исфара, довталаби таҳсил дар Русия

Иброҳимхӯҷа Сироҷиддинзода аз шаҳри Исфара мегӯяд, орзу дорад, дар донишгоҳи Русия таҳсил карда, сармуҳандиси соҳаи энергетика шавад. Ӯ афзуд, чунин ихтисос ҳам дар донишгоҳҳои кишвар ҳаст, вале мушоҳида мекунад, ки даҳҳо нафар хатмкунандаи донишгоҳҳо, ба таври бояду шояд вижагиҳои касби худро намедонанд ва ба ҷои кор таъмин ҳам намешаванд.

“Барои пешбурди соҳаи энергетикаи Тоҷикистон мутахассисони сатҳи баланд лозим аст. Ман мехоҳам дар ин ҷода дар донишгоҳи Русия таҳсил намоям, чунки он ҷо ба сифати таҳсил аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Ба донишҷӯён мутахассисони варзидаи соҳаҳо дарс мегузаранд”, - изҳор дошт Иброҳимхӯҷа.

Дар намоишгоҳи донишгоҳҳои Русия, ки дар бинои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар Хуҷанд доир гардид, ба назар мерасид, ки ҷавонони зиёд аз ҳар шаҳру навоҳии вилояти Суғд барои иштирок ба Хуҷанд омода буданд.

Ҳалим ва Беҳрӯз, ду хонандаи мактаб аз шаҳри Истаравшан дар намоишгоҳи донишгоҳҳои Русия дар Хуҷанд
Sputnik
Ҳалим ва Беҳрӯз, ду хонандаи мактаб аз шаҳри Истаравшан дар намоишгоҳи донишгоҳҳои Русия дар Хуҷанд

Ҳалим ва Беҳрӯз, ду хонандаи мактаб аз шаҳри Истаравшан, гуфтанд, ки ҳамсинфанд ва мехоҳанд таҳсилашонро дар донишгоҳҳои Русия идома диҳанд. Ҳалим биотехнолог шуданӣ асту  Беҳрӯз мутахассиси соҳаи энергетика.

“Мебинему мешунавем, ки ҳамасола садҳо нафар ҷавонон донишгоҳҳои кишвари худамонро хатм карда, соҳиби дипломи донишгоҳ мешаванд, аммо кам андари ками онҳо ҷои кор пайдо карда метавонанд. Аксарият ҷавонони дипломдор бекоранд ва ё ба муҳоҷирати корӣ мераванд. Мо мехоҳем, ки дар Русия таҳсил кунем ва баъд аз хатми донишгоҳ ҷои кор пайдо намоем”, - иброз доштанд онҳо.        

Иддае аз волидон, ки ҳамроҳ бо фарзандонашон дар намоишгоҳи донишгоҳҳои Русия дар Хуҷанд иштирок доштанд аз нақши дипломҳои русӣ таъкид мекарданд. Абдуқаюм Абдуғаниев,  сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфт, ки бо дипломи русӣ имкони пайдо кардани ҷои кор дар кишвар осонтар аст. Зеро ба гуфтаи ӯ Тоҷикистон ва Русия  баъзе тарҳҳои муштарак доранд.

“Набераам Муҳаммадҷон, хатмкунандаи  гимназияи № 4-и Хуҷанд аст ва мехоҳад оянда барномасоз шавад. Ӯ донишгоҳи технологии шаҳри Масквро интихоб намудааст. Насиб, тамом карда биёд ин ҷо имкони ҷои кор пайдо карданаш зиёдтар мешавад”, - тавзеҳ дод Абдуқаюм.

Иддае аз коршиносон мегӯянд бо он, ки аксар ҷавони тоҷик ҳоло дар муҳоҷират дар Русия ба сар мебаранд, ҷавонони мактабхонро водор месозад, дар фикри ояндаи худ бошанд. Умар Содиқов як коршиноси мустақил мегӯяд,  таҳсил дар Русия то андозае ҷавононро ба шароити муҳоҷират мутобиқ мегардонад, аммо ин мутобиқшавӣ на барои иҷрои корҳои сиёҳу сангин.

“Вақте ҷавонон дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд, сатҳи забондонишон хуб мешавад. Онҳо соҳибихтисос мешаванд ва барои кор кардан дар идораҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ имкон фароҳам меояд. Ва чизи дигар ин аст, ки баъзе ҷавонон мехоҳанд ҳоло хориҷ аз кишвар кору фаъолият намоянд аз ҷумла дар Русия. Барои ин сафи довталабони таҳсил дар донишгоҳҳои Русия ҳамасола меафзояд”, - изҳор дошт Содиқов.

Иван Иванов, роҳбари намояндагии “Россотрудничества” дар шаҳри  Хуҷанд
Sputnik
Иван Иванов, роҳбари намояндагии “Россотрудничества” дар шаҳри Хуҷанд

Иван Иванов, роҳбари намояндагии “Россотрудничества” дар шаҳри  Хуҷанд гуфт, ки дар намоишгоҳи байналмиллалии донишгоҳҳои Русия дар Хуҷанд 14 донишгоҳ ва донишкадаҳои Русия ва минтақаҳои он иштирок доранд ва барои интихобкунандаҳо  ихтисосҳои худро муаррифӣ мекунанд.

“Намоишгоҳи донишгоҳҳои Русия дар Хуҷанд бо мусоидати Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва Раёсати маорифи вилояти Суғд баргузор карда шудааст, ки мо  ташаккури худро арз мекунем. Ҳоло 14 донишгоҳу донишкадаҳо ихтисосҳои соҳаҳои гуногун - тандурустӣ, соҳаи энергетика, соҳаи гуманитарӣ ва дигарро   муаррифӣ мекунанд ва довталабон мехоҳанд дар оянда дар онҳо таҳсил намоянд. Ҳоло аз таҷаммӯъи ҷавонон маълум, ки хеле ҷавонон шавқманди таҳсил дар ин 14 донишгоҳ ҳастанд”, - гуфт Иван Иванов.

Бино ба иттилои Раёсати маорифи вилояти Суғд, беш аз 7600 донишҷӯ аз ҳисоби ҷавонони вилояти Суғд дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд. Ҳамасола то беш аз 1500 нафар барои таҳсил ба   донишгоҳҳои Русия мераванд.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло аз 30 ҳазор донишҷӯи тоҷик, беш аз 20 ҳазори он дар донишгоҳу донишкадаҳои  Русия таҳсил мекунанд.  Нуриддин Саид вазири илм ва маорифи Тоҷикистон дар шарҳи ин нукта иброз доштааст, ки бо чунин нишондод, Русия назар ба ҳамаи дигар давлатҳо мақоми аввал дошта ва Чин бо доштани 1500 донишҷӯ дар ҷои дуюм қарор дорад. “Дипломҳои Русия ва Чин  дар кишвари мо мақоми баланд доранд”,  - таъкид кардааст вазири маорифи Тоҷикистон.

Мавзӯъҳои асосӣ