Рустами Эмомалӣ: аз харҷи маблағҳои буҷетӣ ҳар шашмоҳа ҳисобот диҳед

© Сайт мэра города ДушанбеРустам Эмомали на заседании народных депутатов Маджлиса в Душанбе
Рустам Эмомали на заседании народных депутатов Маджлиса в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ қарори нав имзо кард

ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии шаҳрдорӣ, қарори раиси шаҳри Душанбе дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии рушди такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе барои солҳои 2019-2022, тасвиб шудааст. 

Рустами Эмомалӣ қарор кардааст, ки барномаи давлатии рушди такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе барои солҳои 2019-2022 ва нақшаи чорабиниҳои амалигардонии он тибқи замимаи 1 тасдиқ карда шавад.

Дар ин росто, сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе вазифадор шудааст, ки амалигардонии барномаи мазкурро ҳамасола дар доираи маблағҳои буҷетӣ, маблағҳои махсус, грантҳо, хайрияҳо ва сарпарастон барои соҳаи маориф пешбинишуда таъмин намуда, аз натиҷаи иҷрои он ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳар шашмоҳа ҳисобот пешниҳод намояд.

Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа вогузор шудааст.

Гуфта мешавад, ки ин қарор бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 26 июли соли 2017, №357 «Дар бораи Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», қабул шудааст.

Лентаи хабарҳо
0