10:30 21 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Студенты на выставке-презентации Образование в России старт успешного будущего

Эълони Вазорати маориф барои таҳсил бо стипендияи президент дар хориҷа

© Российско-Таджикский (славянский) университет
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
446 0 0

Маркази Барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, қабули ҳуҷҷатҳо барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ аз рӯи зинаҳои гуногун барои соли таҳсили 2019-2020 идома дорад

ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти довталабон мерасонад, ки қабули ҳуҷҷатҳо барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ аз ҳисоби ттипендияи байналмилалии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон», барои соли таҳсили 2019-2020 идома дорад.

Бино ба гузориши манбаъ, қабули ҳуҷҷатҳо барои таҳсил дар Донишгоҳи политехникии Москва, Донишгоҳи давлатии техникии авиатсияи граждании Москва, Донишгоҳи давлатии Воронеж, Донишгоҳи давлатии энергетики Иванова, Донишгоҳи давлатии роҳҳои алоқаи Самара, Донишгоҳи давлатии роҳҳои алоқаи шарқи Дур ва Донишгоҳи давлатии аграрии Саратов аз рӯи зинаҳои гуногун барои соли таҳсили 2019-2020 идома дорад.

Хоҳишмандон метавонанд барои дарёфти маълумоти бештар ва сабти ном ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода 47, тавассути телефонҳои 223-23-59, 223-23-57 дар тамос шаванд.

Ё аз сомонаи edu-cip.tj ва шабакаҳои иҷтимоии «facebook» ва «instagram» маълмоти бештар пайдо кунанд.

Мавзӯъҳои асосӣ