07:17 24 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.75
  • RUB0.16
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
126 0 0

Ин масъаларо муовини якуми вазири маориф ва илм Мирбобоев бо мудири Донишкадаи Сорбона-Қазоқистон ҷаноби Жил Мамез баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Рӯзи 24 июн, дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми вазири маориф ва илм Р. Мирбобоев бо мудири Донишкадаи Сорбона-Қазоқистон ҷаноби Жил Мамез мулоқот кардааст.

Дар ин бора хадамоти матбуотии Вазорати маорифи тоҷикистон хабар медиҳад.

Эммануэл Макрон Эмомалӣ Раҳмонро ба Фаронса даъват кард

Гуфта мешавад, ки дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишгоҳҳои Ҷумҳурии Фаронса мавриди музокирот қарор дода шудааст. 

"Мақсад аз баргузории  ин вохӯрӣ густариши ҳамкориҳо дар самти таблодули донишҷӯён миёни ду кишвар унвон гардид",-омадааст дар хабарнома.

Донишҷӯёни тоҷикро дар Фаронса муттаҳид мекунанд

Манбаъ афзуда, ки ҳамчунин ҷонибҳо ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маориф ва илм аҳамияти аввалиндараҷа дода, таъкид намуданд, ки Фаронса ва Тоҷикистон дорои имконияти мусоид ҷиҳати рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба мебошанд.

Мавзӯъҳои асосӣ