09:21 18 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.77
  • RUB0.15
Первый заместитель председателя Комитета Совета Федерации по науке, образованию и культуре Лилия Гумерова, архивное фото

Гумерова: камбудиҳои лоиҳаи таълимии Русия дар Тоҷикистон бояд бартараф шавад

© Sputnik / Владимир Федоренко
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
97 0 0

Дар бештари манотиқҳои Тоҷикистон омӯзгорони рус натавонистанд суғурта бигиранд, то аз муоинаи таббӣ гузаранд

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Вазорати маорифи Русия озмун барои қабули омӯзгорони рус барои кор дар макотиби Тоҷикистон  аз оғози соли хониш эълон намуд.

Ба озмун аслан муаллимони фанҳои забони русӣ ва адабиёти рус, физика, математика, химия, биология, техникаи иттилоотӣ ва омӯзгорони синфҳои поёнӣ даъват мешаванд.

Тавре Лилия Гумерова Муовини раиси Кумитаи Шӯрои Федератсияи Русия доир ба илм, маориф ва фарҳанг ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, аксар омӯзгорони рус, ки давоми як сол  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дарс медоданд, хоҳиш намуданд, ки ба фаъолияти хеш дар ин кишвар идома диҳанд. Танҳо се нафар муалимони рус аз идомаи кори худ дар Тоҷикистон даст кашиданд.

Гумерова: аксари омӯзгорони рус мехоҳанд дар Тоҷикистон бимонанд

Ёдовар мешавем, ки тирамоҳи соли 2018 ба макотиби Тоҷикистон ҳудуди 48 омӯзгор аз Федератсияи Русия сафарбар шуданд. Онҳоро миёни 20 мактабҳои шаҳрҳои гуногуни Тоҷикистон тақсим намуданд.

Зимнан Гумерова таъкид намуд, ки хамасола барои муҳасилини тоҷик дар макотибҳои олии Русия 600 ҳазор квота ихтисос дода мешавад. ин бозгуйи он аст, ки дар Тоҷикистон ба омӯзгорони рус эҳтиёҷ ва талаботи зиёд аст.

"Ирсоли 48 омӯзгори рус ба Тоҷикистон ниҳоӣ набуда, қарор аст, теъдоди онҳоро боз ҳам зиёд намоем", илова намуд Лилия Гумерова.

Аммо нахуст бояд ҷониби Русия ва Тоҷикистон аз пайи ҳал намудани мушкилиҳое, ки давоми як сол лоиҳаи таълимӣ дучори он гардида буд, шаванд.

"Аксар омӯзгорон аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки дар Тоҷикистон дастрасии онҳо ба тиб дуруст ба роҳ монда нашудаст. Дар бештари манотиқҳо, муалимони рус натавонистанд суғуртаи тиббиро ба даст оранд то аз муоинаи табибон гузаранд. Ҷониби Русия ҳамаи қарордодҳо дар ин заминаро таҳия ва ҳанӯз моҳи март ба ҳукумати Тоҷикистони ирсол намуда буд,”- гуфт Гумерова.

Ба гуфтаи вай, айни замон масъалаи ба имзо расидани ҳамаи ҳуҷҷатҳо дар сатҳи ҳукуматӣ ва ҳамчунин ҳал намудани чанд масъалаи дигари молиявӣ боқӣ мондаасту халос.

Дар умум бошад лоиҳаи мазкур бисёр муваффақ буда, омӯзгорони рус тавонистанд дар  фурсати кӯтоҳ сатҳи донистани забони русиро миёни толибилмони тоҷик боло баранд.

Барчаспҳо:
мактаб, рус, омӯзгор, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ