06:28 14 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Мард, акс аз бойгонӣ

Гуруҳи тоҷикӣ дар донишкадаи Чирчиқи Узбакистон низ кушода шуд

CC0 / Pixabay
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
121 0 0

Нашрияи “Овози тоҷик” аз ифтитоҳи шуъбаи рӯзонаи забон ва адабиёти тоҷик дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Чирчиқи Узбакистон хабар дод

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Нашрия аз қавли Комиссияи қабули донишкадаи мазкур иттилоъ дод, ки соли ҷорӣ қабул ба шуъбаи рӯзонаи забон ва адабиёти ба роҳ монда шудааст.

“Ҳуҷҷатсупорӣ ба шуъбаи мазкур аз 1 июл то 15 июли соли 2019 идома хоҳад кард. Ба шуъба 20 нафар қабул карда мешаванд. Довталабон аз ҳар кадом минтақаи кишвар метавонанд ҳуҷҷат супорида, баъди гузаштани имтиҳон дар гурӯҳи мазкур таҳсил гиранд. Донишҷӯёне, ки дар ин ҷо таҳсил хоҳанд кард, баъди итмоми он соҳиби дипломи бакалавр мешаванд”, - омадааст дар матлаби "Овози тоҷик".

Манбаъ аз ислоҳоти куллӣ дар соҳаи таълим тайи солҳои охир зикр карда, афзудааст, ки баъди сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев муносибати байни тоҷикону узбакҳо ба дараҷаи сифатан нав бардошта шуд.

Нашрия таъкид кардааст, ки дар Узбакистон фарзандони тоҷик дар 245 мактаби ҳамагонӣ ба забони модарии худ таҳсил мегиранд. Дар донишгоҳҳои Самарқанд, Тирмиз, Фарғона шуъбаҳои забон ва адабиёти тоҷик амал мекунанд.

Мавзӯъҳои асосӣ