16:57 08 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.16
  • RUB0.14
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
107 0 0

Далер Пиров ва Фараҳманд Ҳасанов хонадагони синфи 10 ва 11-и Гимназия-интернати Тоҷикистону Русия "Ҳотам ва П.В." дар олимпиадаи Тел-Авив ду медали биринҷӣ ба даст оварданд

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Роҳбарияти Гимназия-интернати Тоҷикистону Русия "Ҳотам ва ПВ" аз дастовардҳои толибилмони худ дар мусобиқаи байналмиллалӣ дар шаҳри Тел-Авив истиқбол намуд.

Бар хабари сомонаи Гимназия-интернати Тоҷикистону Русия "Ҳотам ва П.В.",  дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз олимпиадаи байналмиллалӣ аз фаннӣ физика байни толибилмони мактабҳо бо ду медали биринҷӣ баргаштанд.

  • Пешвози толибилмони тоҷик дар фурудгоҳи Душанбе
    акс аз сомонаи расмии Гимназия-интернати Ҳотам ва П.В.
  • Пешвози толибилмони тоҷик дар фурудгоҳи Душанбе
    акс аз сайти расмии Гимназия-интернати Ҳотам ва П.В.
  • Пешвоз аз толибилмони тоҷик дар фурудгоҳи Душанбе
    акс аз сомонаи расмии Гимназия-интернати Ҳотам ва П.В.
  • Пешвоз аз толибилмони тоҷик дар фурудгоҳи Душанбе
    акс аз сомонаи расмии Гимназия-интернати Ҳотам ва П.В.
1 / 4
акс аз сомонаи расмии Гимназия-интернати Ҳотам ва П.В.
Пешвози толибилмони тоҷик дар фурудгоҳи Душанбе

Гуфта мешавад, медалҳои биринҷии олимпиадаро хонадагони синфи 10 ва 11-и Гимназия-интернати Тоҷикистону Русия "Ҳотам ва П.В."- Далер Пиров ва Фараҳманд Ҳасанов ба даст оварданд.

Ба иттилои манбаъ, олимпиада аз 7 то 15- уми июл дар шаҳри Тел-Авив баргузор гардид. Гуфта мешавад, дар ҷараёни ин олимпиада аз 78 кишвари ҷахон 384 нафар толибилмон иштирок намуда буданд.

Дастоварди наврасону ҷавонони тоҷик дар Фестивал-озмуни байналмилалӣ

Зимнан, боз як узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон, хонандаи синфи 11-и Литсей барои кӯдакони лаёқатманд Иззатулло Юсуфов низ бо ифтихорнома қадрдонӣ шуд.

Барчаспҳо:
медал, тоҷик, толибилмон, олимпиада

Мавзӯъҳои асосӣ