12:33 06 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Ученики школы Дангаринского района

Вазири маориф: Русия ба Тоҷикистон лоиҳаи мактабҳои минтақаҳои Қафқозро пешниҳод кард

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
163 0 0

Вазири маорифи Тоҷикистон гуфт, Русия то охири сол сохтмони 5 мактабро дар қаламрави Тоҷикистон оғоз мекунад

ДУШАНБЕ, 19 июл – Sputnik. Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ гуфт лоиҳаи сохтмони панҷ мактаби русӣ дар қаламрави кишвар ба анҷом расонида шуда, барои тасдиқ ба Русия фиристода шудааст. Дар сурати ба имзо расидани он корҳои сохтмонӣ оғоз карда мешаванд.

Вазир умед бастааст, ки сохтмони мактабҳо то охири соли равон оғоз мегарданд. Ҳоло аз ҷониби Тоҷикистон ягон мушкилоте вуҷуд надорад.

“Ҷониби Русия ба мо лоиаҳои мактабҳои минтақаҳои қафқозро пешниҳод кард. Мо бояд лоиҳаро ба шароити Тоҷикистон мутобиқ кунем. Мо бояд онҳоро бо шароити мо мутобиқ кунем. Мо ҳоло дар ҳамин самт кор бурда истодаем”, - афзуд Нуриддин Саид.

Дар ҳамин ҳол, вазир таъкид намуд, ки дар ҳоли ҳозир, заминҳо барои сохтмони мактабҳои русӣ дар Кӯлоб, Бохтар, Турсунзода, Душанбе ва Хуҷанд ҷудо карда шудааст.

“Онҳо худашон кумиссиюн ташкил карданд ва бароии сохтмони мактабҳо заминҳоро интихоб карданд”, - гуфт вай.

Пешниҳоди Нуриддин Саид: омӯзиши забони русиву англисӣ бояд аз синфи як роҳандозӣ шавад

Инчунин вазири маориф илова кард, ки мактабҳое, ки Русия дар Тоҷикистон месозад, калон мебошанд ва барои таҳсили 1240 хонанда ба нақша гирифта шудааст.

Ёдрас мешавем, ки ахиран вазорати маорифи Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки дар Тоҷиистон дар 26 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии таҳсилаш бо забони русӣ 17  ҳазору 778 нафар хонанда таҳсил менамояд.

Гумерова: камбудиҳои лоиҳаи таълимии Русия дар Тоҷикистон бояд бартараф шавад

Тавре манбаъ иттилоъ додааст инчунин, дар ҷумҳурӣ 159 муассисаҳои таълимии омехта фаъолият менамоянд, ки дар онҳо синфҳои таълимашон бо забони русӣ мавҷуданд. Дар ин муассисаҳо 68007 хонанда таҳсил менамоянд.

Дар маҷмӯъ, дар Тоҷикистон дар 185 муассисаи таҳсилоти умумӣ синфҳои таълимашон бо забони русӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 85 ҳазору 785 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Дар кӯдакистонҳои Русия фарзандони муҳоҷирони меҳнатиро забони русӣ меомузонанд

Манбаъ зикр намудааст, ки бо вуҷуди  таваҷҷуҳи зиёд ба ин самт, ҳанӯз ҳам дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ норасоии муаллимони русӣ ба назар мерасанд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар ҳоли ҳозир муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ 8  ҳазору  615 нафар омӯзгорон аз фанни забони русӣ дарс мегўянд, ки аз онҳо 7 ҳазору 288 нафарашон дорои таҳсилоти олӣ мебошанд.

Барчаспҳо:
мактаби русӣ, лоиҳа, маориф, Нуриддин Саид, сохтмон, русӣ, мактаб, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ