11:02 20 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Нуриддин Саид, вазири маорифи Тоҷикистон

Дар Африқо кондитсионер нест, мехонанд: посухи вазир ба гила аз таҳсили кӯдакон дар гармӣ

© Sputnik / Амир Исаев
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
5082 0 0

Нуриддин Саид, вазири маорифи Тоҷикистон гуфт ба иддао, ки мактаббачаҳо аз тамдиди соли таҳсил дар гармии тобистон азоб мекашанд, розӣ нест ва кишварҳои Африқоро мисол овард, ки ҳатто кондитсионер ва барқ надоранд, аммо кӯдаконашон мехонанд

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Вазири маорифи Тоҷикистон ҳафтаи равон зимни нишасти матбуотӣ дар шарҳи тамдиди соли таҳсил аз 24 май то 14 июн изҳор дошт, ки ин корро ба хотири баробар кардани буҷаи вақти мактаббачаи тоҷик ба буҷаи вақти мактаббачаҳои давлатҳои пешрафта кард.

Нуриддин Саид дар идомаи нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон суол дод, ки “чӣ бадӣ дорад, агар кӯдак то дар кӯча беҳуда гаштана хонад”, аммо посухи ҳозирин, ки гармии шадид барои кӯдакон зарар дорад, вазирро қонеъ накард.

Ӯ гуфт, бо ин иддао розӣ нест ва Африқоро мисол овард, ки ба иттилои вазир донишмандони зиёд дорад.

“Дар 90 фоизи кишварҳои африқоӣ ҳатто кондитсионер нест, барқ нест,  кӯдаконашон мехонанд. Ҳамон ҷо ҳам пури донишманд. Хонанд, зарар надорад. Бигузор хонанд, чун хондан ҳеч гоҳ пушаймонӣ надорад”, - таъкид кард вазири маорифи Тоҷикистон.

Ӯ гуфт, буҷаи вақти мактаббачаҳои Тоҷикистон аз давлатҳои пешрафта камтар аст ва имкон надорад, ки ин вақт аз ҳисоби дароз кардани рӯзҳои таҳсил тамдид шавад. Вазир тавзеҳ дод, ки зеро дар Тоҷикистон таваллуд зиёд буда, дарсҳо дар ду баст сурат мегиранду мактаббачаҳо то соати 6-7 мехонанд.  

“Ягона роҳи буҷаи вақти мактаббачаи тоҷикро бо дигар давлатҳо баробар кардан, аз ҳисоби ҳафтаҳои таълимии моҳу сол аст. Ана барои ҳамин аз 24 май ба 14 июн бурдем. Ин як нозукӣ”, - шарҳ дод вазир.

Ӯ гуфт нозукии дигар дар он аст, ки солҳои қаблӣ рӯзҳои иду айёмро низ дар дафтари дарсҳо сабт мекарданд ва ба талабаҳо кори мустақилона медоданд, аммо феълан инро Вазорат манъ кардаасту дастур додааст, ки дарсҳо пурра гузаронда шаванд. Ӯ зикр кард, ки чорякҳо низ барқарор шудаанд ва солҳои қаблӣ ба далели мушкили барқ як моҳи зимистон таътил дода мешуд. Ба гуфтаи вазир феълан мушкили барқ вуҷуд надорад ва бо фаъол шудани чархаи дигари нерӯгоҳи “Роғун” ин масъала пурра рафъ мешавад.

Дар мавриди он, ки талабаҳо ҳафтаҳои охири соли таҳсил ягон мавзуъ надоштанду танҳо такрор мегузаштаанд, Нуриддин Саид гуфт, аз ҷониби Вазорат барномаҳои таълимӣ пурра  коркарду дастрас  шудаанд, аммо мудирони мактабу шуъбаҳои маориф онро то сатҳи муаллимон нарасондаанд. Ба гуфтаи вазири маориф, азбаски бисёри муаллимҳо рӯзҳои идро дар дафтари дарсҳо қайд кардаанд, барои як ҳафтаи охир мавзуъ намондааст ва таъкид намуд, ки ин масъаларо зери назорат мегиранд.

Мавзӯъҳои асосӣ