23:32 23 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали

Рустами Эмомалӣ аз сифати мактабҳои навсохт дар Душанбе нигарон аст

© Фото : Сайт мэрии города Душанбе
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
331 0 0

Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки дар аксар мактабҳои тоза мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, аллакай як қисмати беши ҷиҳози синфхонаҳо харобу корношоям гардидааст

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои мавриди тафтиш қарор додани муассисаҳои таълимӣ, ки тоза ба истифода дода шуданд, комиссияи махсус ташкил намуд.

Бар асоси натоиҷи хулосаи гурӯҳи тафтишотӣ маълум гардид, ки сифати ҷиҳози синфхонаҳо дар кӯтоҳтарин муддат аллакай корношоям гардидаанд.

Баҳогузории бозорҳои Душанбе бо дастури Рустами Эмомалӣ

Илова бар ин, дар мактабҳои нав як қисми синфхонаҳо ва лабораторияҳо ба таъмир ниёз доранд ва майдони атрофи биноҳо дар ҳолати ногувор қарор дорад. Тахмин меравад, комиссияе, ки раиси шаҳр таъсис додааст, ба омӯзиши чунин мактабҳои пойтахт машғул хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, ҳар ним сол аъзоёни комиссия  вазъи муассисаҳои таълимиро тафтиш мекунанд ва ба таври хаттӣ ба раиси шаҳр ҳисобот медиҳанд.

Қарори Рустам Эмомалӣ: бунёди роҳи автомобилгард бо паҳноии 40 метр ва 8 хати ҳаракат

Қайд карда мешавад, ки аз рӯйи натиҷаҳои санҷиш нисбат ба директорони мактабҳо то аз вазифа сабукдӯш кардани онҳо тадбирҳо андешида мешаванд.

Ҳисобот медиҳам: Рустам Эмомалӣ вакилонро ба маҷлис даъват кард

Ёдовар мешавем, ки қаблан Рустами Эмомалӣ низ амр карда буд, ки бозорҳо ва меҳмонхонаҳои шаҳрро аз назар гузаронад. Ҳамин тавр, раиси шаҳр мехост, ки шароити санитарӣ ва дигар қонуншиканиҳоро пешгирӣ кунад.

Барчаспҳо:
нигаронӣ, мактаб, сифат, Душанбе, шаҳрдорӣ

Мавзӯъҳои асосӣ

  • Озода Раҳмон, роҳбари дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

    Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон хабар дод, ки Озода Раҳмон, раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ дар бахши таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният бо пешниҳоди Шӯрои Маҷлиси мазкур, мақоми ҷадид гирифтааст

    3145
  • Мулоқоти раисҷумҳури Русия Владимир Путин бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

    Раисҷумҳури Русия унвонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъватнома барои иштирок дар 75 - умин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ирсол намудаст.

    766
  • Мошини БДА

    Додгоҳи ноҳияи Шаҳринав кашмакаши як ронандаи солхӯрда бо нозири роҳро, ки навори он ба интернет роҳ ёфта буд, баррасӣ карда, ронандаро ба андозаи беш аз 38 ҳазор сомонӣ ҷарима баст

    643