Ходимони дин аз ҳисоби худ дар ноҳияи Панҷ барои 300 хонанда синфхона месозанд

© Sputnik / Сергей Ещенко / Гузариш ба медиабонкШкола
Школа  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон аз ҳисоби ходимони дин сохтмони 13 синфхонаи иловагӣ барои 300 хонанда дар назди муассисаҳои таълимӣ сохта мешавад

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Мудири шӯьбаи маорифи ноҳия Панҷ Мавлуда Боймуродзода эълон намудааст, ки маблағи умумии 13 синфхонае, ки бояд дар муассисаҳои таълимӣ сохта мешавад беш аз 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, иттилоъ додааст сомонаи ҳафтанома “Фараж”.

Главная улица кишлака Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Соҳибкорони деҳоти Ворух омода ҳастанд аз ҳисоби худ мактаб созанд

Профессор Ҷӯраев аз ҳисоби худ як кӯчаи шаҳри Хуҷандро мумфарш кард

Тавре Мавлуда Боймуродзода қайд намудааст, дар  маҷмӯъ ҳоло дар назди 6 муассиса таълимӣ бо дасгирии соҳибкорон, волидон ва дигар қишри ҷомеа сохтмони 34 синфхонаи иловагӣ барои зиёда аз 800 хонанда идома дорад.

“Ин ҳама корҳои ободонӣ дар соҳаи маорифи ноҳияи Панҷ бахшида ба пешвози сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолиятӣ давлатии кишвар мебошад”, — зикр кард вай.

Сархатиб аз ҳисоби худ бунгоҳи тиббӣ сохт: ҳидояти Эмомалӣ Раҳмон

Мудири шӯьбаи маорифи ноҳия Панҷ Мавлуда Боймуродзода, ҳамчунин таъкид доштааст, ки дар ноҳияи мазкур 52 муассисаи таьлимӣ фаьолият доранд, ки 90 дарсад онҳо ба соли нави хониш омода мебошанд.

Вай умедвор аст, ки дар рӯзҳои наздик мактабҳо пурра ба соли хониш омода хоҳанд шуд.

Лентаи хабарҳо
0