Файзов ба масъулини маориф: дохилшавӣ ба донишгоҳҳо қонеъкунанда нест

© саҳифаи Мақомоти иҷроияи ВМКБЁдгор Файзов, раиси ВМКБ дар ҷаласаи назоратӣ
Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ дар ҷаласаи назоратӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов мегӯяд, ба сифати дониш дар муассисаҳои таълимии вилоят диққати ҷиддӣ зоҳир дода шавад, чун дохилшавии хатмкунандагон ба мактабҳои олии кишвар, қонеъкунанда нест

ДУШАНБЕ, 17 авг - Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон машварати назоратии назди раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов баргузор гардидааст. 

Бино ба иттилои хадамоти матбуотии мақомоти вилоят, дар машварат муовини раиси вилоят, раиси шаҳри Хоруғ, муовини роҳбари дастгоҳи раиси вилоят ва дигар роҳбарони идораву муассисаҳои вилоят ширкат кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Тасодуфию камсаводҳо нагиранд: Президент квота барои ВМКБ-ро 2 баробар зиёд кард

Тибқи гузориши манбаъ, яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар машварат баррасӣ шудааст, камбудиҳо ва пешравиҳо дар соҳаи маорифи вилоят будааст.

Аз рӯи масъалаи мазкур сардори Раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Мардов Одинашо баромад намудааст.

Ӯ қайд кардааст, ки "аҳли маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят дар самти ба камол расондани хонандагони донишманду болаёқат талошҳои зиёд карда истоданд. Дар баробари ин дар соҳаи маорифи шаҳр ва ноҳияҳои вилоят сохтмони муассисаҳои таълимии рақами 5 ва 7 ноҳияи Дарвоз, рақами 7 ва 9 ноҳияи Рӯшон, рақами 17 ноҳияи Шуғнон ва рақами 8 шаҳри Хоруғ идома дорад".

Генерал ба хонандагони болаёқати ВМКБ қоидаи "Занги охир"-ро фаҳмонд

Гуфта шудааст, ки масъалаи омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил зери назорати доимии Раёсати маориф қарор дошта то 20 августи соли ҷорӣ тамоми муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон аз таъмири ҷорӣ бароварда мешаванд. 

Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон - Sputnik Тоҷикистон
Ташвиши Файзов аз “фирори мағзҳо”-и ВМКБ: аз рӯи таҳсил дар хориҷа 1-анд, аммо намегарданд

Дар ин росто, раиси вилоят ба масъулини соҳаи маорифи вилоят супориш додааст, ки ба сифати дониш дар муассисаҳои таълимии вилоят диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд. Дохилшавии хатмкунандагон ба мактабҳои олии мамлакат аз вилоят ҳануз ҳам қонеъкунанда нест.

Файзов ёдоварӣ кардааст, ки имсол бо дастгирии бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон барои вилоят ду маротиба квотахо барои дохилшавӣ зиёд гардиданд.

"Мо бояд дастгириҳоро самаранок истифода барем", - гуфтааст раис.

Манбаъ афзуда, ки дар ин ҷаласа масъалаи омодагии муассисаҳои таълимӣ ба зимистони имсола низ баррасӣ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0