11:48 22 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Хакимзода Курбон председатель Государственного комитета по земельному управлению и геодезии при правительстве Республики Таджикистан

Қурбон Ҳакимзода, аз мушкилоти соҳаи маориф дар вилояти Хатлон изҳори нигаронӣ кард

© Госкомитет по земельному управлению РТ
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
187 0 0

Ахиран зимни ҷаласаи корӣ дар шаҳри Бохтар Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон аз ҷой доҳтани баъзе камбудиҳо дар соҳаи маориф изҳори нигаронӣ кард

ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Дар машварати августии кормандони соҳаи маорифи вилояти Хатлон, ки рӯзи 23-юми август дар шаҳри Бохтар сурат гирифт, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аз ҷой доштани баъзе камбудиҳо дар ин соҳа изҳори нигаронӣ кард, иттилоъ додааст сомонаи ҳафтаномаи “Фараж”.

Центральная межрайонная больница в селении Талхоб Дангаринского района
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Бино бар иттилои манбаъ, раиси вилояти Хатлон зимни ҷаласа қайд намудааст, ки бар замми пешравиҳо дар соҳаи маориф, то кунун мушкилиҳои зиёд, аз қабили фарогирии ками кӯдакон ба муассиахои томактабӣ, маблағгузории ночиз барои ғизои кӯдакон,  дар се баст ба роҳ монда шудани  таълим дар 39 муассисаи таълимӣ, норасоии 725 омӯзгор  изҳори ташвиш карда аст.

Раиси вилояти Хатлон барои ислоҳи камбудиҳо ба Раёсати маорифи вилоят, Сарраёсати молия, мудирони шуъбаҳои маориф ва дигар масъулон супориши қатъӣ додааст.

Раиси вилоят дар давоми суханрониаш таъкид намудааст, ки тайи 7 моҳи соли равон дар ҳудуди вилояти Хатлон 21 адад иншоти соҳаи маориф, 135 синфхонаи иловагӣ сохта шуда, сохтмони 59 иншоти дигар идома доранд.

“То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмони 279 синфхона ба нақша гирифта шудааст”, -зикр намудааст манбаъ.

Дар охир раиси вилоят аз намояндагони васоити ахбори омма даъват кардааст, ки дар масъалаи камбудиҳои ҷойдошта дар соҳаи маорифи вилоят маводҳои таҳлиливу танқидӣ таҳия ва нашр кунанд.

Барчаспҳо:
Бохтар, изҳори нигаронӣ, мушкилот, маориф, Хатлон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ