02:13 20 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.77
  • RUB0.16
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
106 0 0

Роҳбари Донишгоҳи федералии Қазони Илшот Ғафуров зимни мулоқот бо раиси вилояти Суғд аз тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи маориф таъкид кардааст

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Ахиран Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ректори Донишгоҳи федералии Қазони Русия Илшот Ғафуровро, ки ба Тоҷикистон сафари корӣ анҷом додааст, дидору гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Таджикские студенты в Томске, архивное фото
© Фото : страница Мубориза Мирзоева в Facebook

Бино бар иттилои манбаъ, зимни мулоқот, раиси вилоят зикр кардааст, ки дар миқёси вилоят 7 мактаби олӣ ва 22 мактаби миёнаи махсус фаъолият дошта, дар онҳо беш аз 65 ҳазор нафар таҳсил доранд.

Илова бар ин, дар донишгоҳҳои шаҳри Душанбе ва хориҷ аз кишвар, аз ҷумла Русия ҳазорҳо нафар ҷавонони вилоят таҳсил менамоянд.

Тавре манбаъ қайд намудааст, дар ҷараёни мулоқот тарафҳо аз ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Русия, аз ҷумла дар бахши илму маориф изҳори қаноатмандӣ намуда, бо боварӣ қайд намуданд, ки робитаҳо дар ҳамаи бахшҳо беш аз пеш густариш меёбанд.

Дар навбати худ роҳбари Донишгоҳи федералии Қазони Илшот Ғафуров аз пазироӣ ва истиқболи гарму самимӣ изҳори миннатдорӣ намуда, вобаста ба таърихи донишгоҳ, фаъолият ва самти омодасозии мутахассисон маълумот дод.  

Вай таъкид намкдааст, ки Донишгоҳи федералии Қазон яке аз беҳтарин муассисаҳои олии Россия ба шумор рафта, аз соли 1805 инҷониб фаъолият дорад ва ба гуруҳи даҳгонаи беҳтарин донишгоҳҳои Русия шомил мебошад.

Дарҳоли ҳозир дар донишгоҳ 47 ҳазор нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд, ки аз ин шумор 8 ҳазор нафарашон шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ мебошанд.

“Феълан 500 нафар аз Тоҷикистон низ дар ин донишгоҳ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки беш аз 200 нафарашон аз вилояти Суғд мебошанд”, - қайд намуд манбаъ.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки Донишгоҳи федералии Қазон дар оянда бо муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ, ҳамчунин муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Суғд ҳамкориҳояшро тақвият мебахшад.

Барчаспҳо:
Раҷаббой Аҳммадзода, мулоқот, Қазон, донишҷӯ, Русия, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ