04:34 20 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Сохтмончиён аснои кор

Вазорати маориф бо харҷи 1 миллион сомонӣ дар деҳаи Навободи ВМКБ толори варзишӣ месозад

© Sputnik / Амир Исаев
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
140 0 0

Бо тасмими Вазорати маорифи Тоҷикистон муҳасcилини макотиби таҳсилоти миёнаи рақами 28 дар деҳаи Навободи ноҳияи Шуғнон соҳиби толори замонавии варзишӣ мешаванд

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Сохтмони толори варзишӣ дар деҳаи Навободи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ибтикори Вазорати маорифи Тоҷикистон сурат мегирад.

Бар хабари агентии Ховар, феълан дар деҳаи мазкур сохтмони толори варзишӣ идома дорад ва дар назар аст, ки пас аз як моҳ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расанд.

Файзов ба масъулини маориф: дохилшавӣ ба донишгоҳҳо қонеъкунанда нест

Бо бунёд ёфтани толори мазкур хонандагони ин муассисаи таълимӣ дар фасли зимистон низ ба тамрини намудҳои гуногуни варзиш метавонанд машғул шаванд.

Барои бунёди толори мазкур аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ зиёда аз 1 миллион сомонӣ ҷудо гардида, даҳаи аввали моҳи октябр он ба истифода дода мешавад.

Истеҳсоли либоси мактабӣ дар Хоруғ: Файзов гуфт нарх бояд дастрас бошад

Ба гуфтаи муҳандиси Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди "Бунёд" Ҳокимшо Манзаршоев, феълан 70 дарсади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, пас аз як моҳ толори мазкур мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Барчаспҳо:
сохтмон, ВМКБ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ