17:47 22 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Рустам Эмомали и Эмомали Рахмон дали старт строительству новой школы

Ҳукумати Тоҷикистон дар Душанбе мактаби махсуси зеҳнӣ бунёд мекунад

© Пресс-служба президента Республики Таджикистан
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
17010

Дар ҳудуди иншоот бинои таълимӣ, хонаи истиқоматии 5-ошёна барои омӯзгорон бо 60 ҳуҷра, бинои 5-ошёнаи хобгоҳ барои хонандагон бо 300 ҷойи хоб, майдони варзишӣ ва биноҳои техникию ёрирасон ҷойгир карда шудаанд

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Имрӯз, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Садриддин Айнии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бо лоиҳаи бунёди Мактаби махсуси зеҳнӣ аз наздик ошно шуда, ба корҳои сохтмони ин иншооти соҳаи маориф оғоз бахшиданд.

Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳур, ба кишвардор иттилоъ додаанд, ки иншооти бунёдшаванда барои 640 хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст ва он бо маблағгузории Ҳукумати Тоҷикистон бунёд мегардад.

Бо мақсади ба гурӯҳҳои алоҳида ҷудо намудани раванди таълим он ба 8 қисм тақсим гардидааст.

Бино дорои китобхонаҳои маъмулию электронӣ, толори маҷлис барои 500 нафар, толорҳои варзиш ва ҳавзи шиноварӣ бо ҷойҳои нишасти тамошобинон- ҳар кадом дорои 300 курсӣ ва андозаҳои 36 метр дарозӣ ва 22 метр паҳноӣ мебошанд. Дар таҳхонаи толори варзиш ошхона барои 250 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст.

Дар мактаб 36 синфхона, аз ҷумла амсиласозӣ (макетсозӣ), технологияи нав ва роботсозӣ, 9 озмоишгоҳи фаннӣ барои омӯзиши илмҳои дақиқ, толорҳои гимнастикаю хореография ва дастовардҳои хонандагон, толорҳои варзишу ҳавзи шиноварӣ бо ҷойҳои нишасти тамошобинон, студияи телевизиону назорати видеоӣ муҳайё карда хоҳад шуд.

Ҳангоми шиносоӣ бо лоиҳаи Мактаби махсуси зеҳнӣ, Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ дастуру маслиҳатҳои муфид дода, таъкид намудааст, ки иншооти мазкур барои дар оянда тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисос, афзудани неруи зеҳнӣ ва рушди сармояи инсонӣ дар хизмати давлатӣ аҳамияти баланд дорад ва он тавре бояд сохта шавад, ки солиёни дароз ба мардум хизмат намояд.

Иншооти мазкур дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ соли 2021 бо ҷалби беш аз 100 нафар кормандону мутахассисони ватанӣ бо сатҳу сифати баланди ҷавобгӯ ба меъёрҳои сохтмонӣ бунёд мегардад.

Барчаспҳо:
санги асос, мактаб, Рустами Эмомалӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ