00:21 15 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Мактабхонҳо, акс аз бойгонӣ

Ифтитоҳи 2 мактаби нав дар деҳоти дурдасти Мастчоҳ

© Sputnik / Стас Этвеш
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
49 0 0

Дар ду деҳаи дурдасти ҷамоати Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мавриди истифода қарор гирифтанд

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Дар деҳаи дурдасти Сангчашмаи Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ мактаби замонавӣ барои 240 ҷойи нишаст дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, хабар додааст “Ховар”.

“Ин боргоҳи маърифат, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 мебошад, дар муддати кӯтоҳ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ноҳия бо харҷи 800 ҳазор сомонӣ сохта шуд”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, ки ҳамчунин дар деҳаи Файзободи Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ бинои нави муассисаи таълимии №5 дар муддати кӯтоҳ бо харҷи беш аз 700 000 сомонӣ ба истифода дода шуд.

Ғайрат Азиззода, раиси ноҳияи Мастчоҳ ва Илҳомҷон Оймаҳмадзода, сардори Саридораи геология, роҳбари гурӯҳи корӣ барои таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи мазкур, дар маросими оғози фаъолияти ду мактаб дар бинои нав иштирок карданд.

Илҳомҷон Оймаҳмадзода таъкид кардааст, ки баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил, ба навовариву ихтироъкорӣ, омӯзиши илмҳои дақиқ ва забономӯзӣ ҳидоят намудани хонандагон, дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ тарбия намудани насли имрӯзу ояндаи миллат вазифаи аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад.

Зикр шудааст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд низ ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса дорад ва соли равон маблағгузории соҳаи мазкур аз 793 миллиони соли 2018 ба 938 миллион сомонӣ расонида шуд.

Барчаспҳо:
ҷашн, сохтмонӣ, Мастчоҳ, мактаб, Тоҷикистон-Суғд

Мавзӯъҳои асосӣ