20:55 21 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.15
Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Пешниҳод ба Ҳукумат: Раҳмон баҳсҳоро нолозим, имлоро нофаҳмо ва грамматикаро куҳна хонд

© Sputnik Махпора Киромова
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
1539 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи забон, ки 5 октябр таҷлил мешавад, дастур дод, ки қоидаҳои имло ва грамматикаи забони тоҷикӣ нав карда шаванд

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Раисиҷумҳур имрӯз зимни суханронияш дар Кохи Борбад гуфт, ихтилофу духӯрагиҳои қоидаҳои имлои забон боиси баҳсу мунозираҳои нолозим мешаванд.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, ихтилофи баъзе бандҳои қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ барои таҳияи барномаи компютерии “Санҷиши дурустнависии калимаҳои тоҷикӣ” низ мушкил эҷод кардааст.

“Барои ҳалли ин ва дигар мушкилот бояд сараввал камбудиву духӯрагиҳои ҷиддие, ки дар қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба назар мерасанд, ислоҳ карда шаванд. Зеро вазъи номуайяни қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва возеҳу равшан набудани бисёр бандҳои он боиси баҳсу мунозираҳои нолозим шуда, ба сатҳи саводнокии мардум, махсусан, насли наврасу ҷавон таъсири манфӣ расонида истодааст”, - таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.

Раисиҷумҳур дар идома ба Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, Кумитаи забон ва истилоҳот, Вазорати маориф ва илм, Иттифоқи нависандагон ва сохторҳои марбутаи Дастгоҳи иҷроияи Президент супориш дод, ки “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” - ро бо дарназардошти ислоҳи камбудиву мушкилоти дар онҳо ҷойдошта, то моҳи январи соли 2020 барои тасдиқ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

“Инчунин, Институти забон ва адабиёти ба номи устод Рӯдакӣ вазифадор карда мешавад, ки бо ҷалби мутахассисони соҳа луғати имлои забони адабии ҳозираи тоҷикро то нимаи дуюми соли 2020 такмил дода, ба чоп пешниҳод созад”, - супориш дод Раҳмон.

Раисиҷумҳур таъкид намуд, донишмандони забоншиноси мо дар хотир бояд дошта бошанд, ки қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ танҳо барои олимон нест, балки дастури амалиест, ки ҳадафи он саводнок кардани тамоми мардум буда, бояд ба ҳамаи табақаҳои ҷомеа дастрасу фаҳмо бошад.

“Кайҳо вақти он расидааст, ки “Грамматикаи академии забони тоҷикӣ”, ки дар гузашта бо номи “Дастури забон” ё “Дастури ҷомеи забон” китобҳои муътабаре таълиф шуда буданд, ба вуҷуд оварда шавад. Грамматикае, ки чил-панҷоҳ сол пеш навишта шуда буд, ҷавобгӯи талаботи илм ва ҷомеаи имрӯзаи мо нест. Яке аз заминаҳои печидагӣ ва гуногунфаҳмиҳо дар имлои тоҷикӣ низ набудани дастури навини забон ё такя ба грамматикаи куҳна мебошад”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Академияи илмҳоро муваззаф намуд, ки барои ба талаботи замони нав ва воқеияти имрӯза мутобиқ намудани грамматикаи қаблӣ барномаи мушаххас ва дақиқро пешниҳод созад.

Барчаспҳо:
Кумитаи забон ва истилоҳот, қоидавайронкунӣ, Рӯзи забон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ