07:23 15 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.66
  • RUB0.15
Мактабхонҳо дар Душанбе, акс аз бойгонӣ

Эълони Вазорати маориф дар бораи таътили 10-рӯза дар мактабҳои Тоҷикистон

© Sputnik / Амир Исаев
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
464 0 0

Вазорати маорифи Тоҷикистон эълон кард, ки чоряки якум имсол 31-уми октябр ҷамъбаст гардида, муҳассилини макотиби миёнаи кишвар аз 1 то 10 ноябр ба таътили тирамоҳӣ мераванд

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Вазорати маориф таъкид намудааст, таътил танҳо ба хонандагон дахл дошта, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ ва гузаронидани маҷлисҳои падару модарон, суҳбат бо волидайни хонандагон ва чорабиниҳои таълимӣ сафарбар мешаванд.

Зиёратшоҳ Назруллозода, муовини сардори Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм ба “Ховар” хабар додааст, ки дар давраи таътили тирамоҳӣ даври якуми олимпиадаи дохилии мактабӣ оғоз мегардад, ки хонандагони фаъол дар он иштирок менамоянд.

Манбаъ таъкид намудааст, ки тибқи муқаррароти феълӣ соли таҳсил 36 ҳафтаи таълимӣ, барои синфҳои якум 35 ҳафтаро дар бар гирифта, ба чор чоряк тақсим гардид.

Инчунин таътили тирамоҳӣ 10 рӯз - аз 1 то 10 ноябр, таътили зимистона 10 рӯз - аз 1 то 10 январ, таътили баҳорӣ 7 рӯз - аз 25 то 31 март ва таътили тобистона пас аз анҷоми соли таҳсил ва ҷамъбасти аттестатсия то 31 август идома ёфта, машғулиятҳо барои хонандагони синфҳои 1 як ҳафта пеш аз анҷоми соли таҳсил ба охир мерасанд.

Барчаспҳо:
таътил, маориф, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ