23:51 19 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Студенты на выставке-презентации Образование в России старт успешного будущего

Беҳтарин донишҷӯи вилояти Хатлон дар Донишгоҳи давлатии Данғара таҳсил мекардааст

© Российско-Таджикский (славянский) университет
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
80 0 0

Дар вилояти Хатлон озмуни “Донишҷӯи сол” ба анҷом расид. Тибқи натиҷаҳо Лутфулло Умаров - донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Данғара бо гирифтани 60 хол сазовори унвони “Донишҷӯи сол” дониста шуд

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Дар Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол” баргузор карда шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон.

Бино бар иттилои манбаъ, дар озмуни мазкур донишҷӯён аз Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишгоҳи тиббии Хатлон, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишкадаи технология, менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, коллеҷҳои тиббию омӯзгории вилоят иштирок намуданд.

Дар озмуни мазкур, сатҳи забондонӣ, донистани техника ва технологияи муосир ва маҳорати эҷодию суханварии довталабон аз ҷониби аъзои ҳакамон санҷида шуда, натиҷагирӣ гардид.

“Донишҷӯён Лутфулло Умаров, Бедил Шарипов ва Раҳимҷон Раҳимов аз ҷумлаи беҳтаринҳо дониста шуда, Лутфулло Умаров - донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Данғара бо гирифтани 60 хол сазовори унвони “Донишҷӯи сол” гардид”, зикр намудааст манбаъ. 

Тавре манбаъ қайд намудааст, дар охир, ба тамоми иштирокчиён Сипосномаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон тақдим карда шуд.

Барчаспҳо:
таҳсил, донишҷӯ, Хатлон, Данғара

Мавзӯъҳои асосӣ