07:00 15 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.66
  • RUB0.15
Открытие молодежного центра в центре Ховалинского района

Суғд - 95, ВМКБ - 26, Хатлон - 145: гирандагони стипендияи Президентӣ маълум шуд

© Пресс-служба Президента Республики Таджикистан
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
164 0 0

Мақомоти Тоҷикистон рӯйхати пурраси гирандагони стипендияи Президентиро нашр кард. Дар рӯйхати мазкур ному насаби 400 хонандагону донишҷӯёни аз манотиқи гуногуни кишвар номбар шудааст

ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон, дар солҳои таҳсили 2019-2020 400 нафар хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии кишвар соҳиби стипендияи Президенти Тоҷикистон  гардиданд.

Мақомоти Хатлон ба беш аз ду ҳазор омӯзгори ҷавон замини наздиҳавлигӣ дод

Тавре манбаъ зикр намудааст, бо қарори Ҳайати мушовараи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ва пешниҳоди хулосаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмуни стипендияи Президенти кишвар барои соли таҳсили 2019 -2020 рӯйхати гирандагони стипендия муайян гардиданд.

Тибқи рӯйхати мазкур 95 нафар аз вилояти Суғд, 26 нафар аз ВМКБ, 145 нафар аз вилояти Хатлон, 45 нафар аз шаҳри Душанбе ва 89 нафари дигар аз шаҳру ноҳияиҳои тобеъи марказ гирандагони стипендияи Президентӣ шуданд.  

Ҳамоиши ҷумҳуриявӣ барои тарғиби зиракии сиёсӣ дар Хоруғ

Рӯйхати пурра барандагони стипендияи Президентӣ дар соли хониши 2019-2020 дар сомонаи расмии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш нашр шудааст.

Барчаспҳо:
хонанда, донишҷӯ, президентӣ, стипендия, рӯйхат, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ