23:10 20 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.16
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
827 0 0

Коркарди натиҷаи имтиҳонҳои озмоишӣ (тестҳои озмоишшавандагон) ба таври худкор анҷом дода шуда, маълумот дар бораи он ба иштирокдорон пешниҳод карда мешавад.

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Аз 9 то 20  декабр  Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмоиши низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбиро дар асоси  тарҳи нави имтиҳон ба роҳ мемонад.

Тавре Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад,  озмоиши мазкур дар 53 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ  бо таъсиси 54 маркази имтиҳонии дорои 827 синфхонаи имтиҳонӣ ва фарогирии 10541 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, шумораи хонандагони дар имтиҳони озмоишӣ ширкаткунанда тибқи гурӯҳи ихтисосҳо дар мувофиқа бо муассисаҳои таълимӣ чунин муқаррар шудааст:

  • гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) – 1451 нафар хатмкунанда;
  • гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география) – 1943 нафар хатмкунанда;
  • гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат) – 2030 нафар хатмкунанда;
  • гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) – 1491 нафар хатмкунанда;
  • гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш) – 3626 нафар хатмкунанда.

Гуфта мешавад, ки ҳадаф аз баргузории озмоиши мазкур, пеш аз ҳама, шиносоии хатмкунандагон бо тарҳи нави имтиҳон, таркиби саволу масъалаҳои тест вобаста аз фанҳои имтиҳонӣ мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки коркарди натиҷаи имтиҳонҳои озмоишӣ (тестҳои озмоишшавандагон) ба таври худкор анҷом дода шуда, маълумот дар бораи он ба иштирокдорон пешниҳод карда мешавад.

Мавзуъ

Корманди Маркази миллии тестӣ гуфт, касе ба натиҷаҳои имтиҳон наметавонад таъсир расонад
Маркази миллии тестӣ салиқаи эссенависии синфҳои 11-ро месанҷад
Маркази миллии тестӣ ба рӯзноманигорон ҳисобот медиҳад
Ба Маркази миллии тестӣ шикоятҳои беасос ворид шудааст
Барчаспҳо:
нав, имтиҳон, Маркази миллии тестӣ

Мавзӯъҳои асосӣ