Мақоми аввали се мураббӣ дар озмуни "Мураббии сол-2019"

© Вазорати маорифи ҶТҒолибони озмуни "Мураббии сол*2019"
Ғолибони озмуни Мураббии сол*2019 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии "Мураббии сол - 2019" ҷамъбаст гардид. Мақоми аввалро якбора се мураббӣ соҳиб шуд

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputniк. Рӯзи 10-уми январи соли 2020 дар толори Вазорати маориф озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии соли Тоҷикистон - 2019” ҷамъбаст гардид.

Бино ба гузориши Вазорати маорифи Тоҷикистон, дар маросими ҷамъбастии озмун Л. Назирӣ-муовини вазири маориф ва ҳайати ҳакамон озмунро натиҷагирӣ намуда, ғолибони даври ниҳоиро эълон намуданд. 

"Тибқи баҳогузории ҳайати ҳакамон Нурматова Розия – мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №15-и шаҳри Конибодом, Қудратова Марҳабо – мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии № 72-и шаҳри Душанбе ва Атомамадова Ангома-мураббияи Маркази инкишофи барвақтии кӯдаки Хазинаи Оқохони ВМКБ бо гирифтани 207 хол сазовори ҷойи аввал, Тағоева Ойтилло – мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №1-и шаҳри Бохтар бо гирифтани 190 хол сазовори ҷойи дуюм ва Сатторова Шабнам–мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №1 ноҳияи Шаҳринав бо гирифтани 185,5 хол сазовори ҷойи сеюм гардиданд".

Зимни ҷамъбаст зикр гардидааст, ки дар таърихи баргузории озмуни “Мураббияи соли Тоҷикистон” бори аввал намоянда аз марказҳои инкишофи кӯдак ширкат намуданд.

Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Қарорҳои Рустами Эмомалӣ барои тасдиқи “Ҷоми пойтахт”, “Мураббии сол” ва “Хонандаи сол”

Намояндаи ВМКБ дар озмуни "Мураббии сол-2017" ширкат карда натавонист

Ғолибон аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷоиза, нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ифтихорнома, роҳхат барои осоишгоҳ ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки озмун рӯзи 8-уми январ оғоз гардида, давоми ду рӯз иштирокчиён тибқи шартҳои муайяншудаи Низомномаи озмун ҳунару маҳорати худро санҷиданд.

Лентаи хабарҳо
0