14:38 21 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.16
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
1087 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, супоришаш дар бораи китобхонии ҳар сокини кишвар қатъист ва таҳти назорат қарор дорад

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар маросими ифтитоҳи бинои нави мактаби №65 дар Душанбе супоришаш барои хондани 5 китоб аз ҷониби ҳар тоҷикистониро зикр кард.

"Бори дигар хотиррасон месозам, ки ҳар як сокини мамлакат, аз ҷумла хонандагони ҳамаи муассисаҳои таълимӣ дар як сол бояд на камтар аз панҷ китоб хонанд. Ин супориш қатъист ва таҳти назорат қарор дорад", - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ тавзеҳ надод, ки чигуна китобхонии тоҷикистониён таҳти назорат гирифта мешавад. Раисиҷумҳур дар идома аз озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” гуфт, ки бо ҳадафи густариши китобхонӣ роҳандозӣ шудааст.

“Мехоҳам бо қаноатмандӣ хотирнишон намоям, ки дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...”, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон ва ташкил гардида буд, хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт фаъолона ширкат варзида, дар даври ҷамъбастии он аз 12 ҷой соҳиби 7 ҷойи ифтихорӣ гардида, аз ҷумла барандаи шоҳҷоизаи озмун шуданд”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

“Шоҳҷоиза” ва 50 ҳазор сомонӣ: пирӯзии писари Абдуллоҳи Раҳнамо дар даври ниҳоӣ

Ӯ илова намуд, ки “гузаштагони мо барои мову шумо ва аҳли башар мероси бисёр гаронбаҳову пурқимат, яъне осори ҷовидонаи илмиву адабиро ба мерос гузоштаанд ва омӯхтану аз худ кардани ин мероси бузург барои ҳар яки мо бояд шараф бошад”.

Барчаспҳо:
мактаб, раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон, китобхонӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ