07:48 29 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
48211

Мувофиқи созишнома дар чанде аз шаҳру навоҳии Тоҷикистон мактабҳои таҳсилоти умумии русӣ давра ба давра сохта мешаванд. Ҳамакнун, пеши масъулини тоҷик масъалаи таъмини муассисаҳо бо кадрҳои баландихтисос пеш омадааст

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишномаи байни ҳукумати Тоҷикистон ва Русияро дар бораи бунёди панҷ мактаби русӣ ба тасвиб расонид. Мактабҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода сохта мешаванд.

Мувофиқи созишнома, дар шаҳрҳои мазкур мактабҳо давра ба давра бунёд мегарданд. Ҳар як мактаб барои 1200 хонанда ба нақша гирифта шуда, Русия бо муассисаҳои таҳсилотиро аз ҷиҳатҳои моддиву техникӣ низ таъмин хоҳад кард.

Созишнома моҳи апрели соли 2019 дар Маскав ба имзо расида буд. Барои сохтмони мактабҳо Русия  шаш миллиард рубл ҷудо кардааст.

"Ба мактабҳое, ки бунёд мешаванд, 400 омӯзгори баландихтососи донандаи забони русӣ лозиманд",- гуфтааст ба вакилон раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров.

Бо ҷалби муаллимин Русия ин масъала пурра ҳалли худро намеёбад. Бояд кадрҳои худамонро тайёр кунам ва таҳсил бояд ба стандартҳои мавҷуда ҷавобгӯ бошад, нигарон шудааст вай.

Муовини вазири маориф Раҳматулло Мирбобоев қайд кардааст, ки Вазорати маориф аз рӯи ин масъала кор мебарад.

"Аз ҷумла омода кардани кадрҳо дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия аз фанҳои физика, химия ва дигар фанҳои дақиқ идома дорад", - таъкид кардааст Мирбобоев.

Мавзӯъҳои асосӣ