14:05 26 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.51
  • RUB0.15
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
81601

Дилафрӯз Каримова, омӯзгори фанни забони инглисии Литсейи физикаву математикаи №1 – и шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019» шудааст

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputniк. Маркази матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд бо истинод ба иттилои Муҳайё Акмалхӯҷаева, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд аз шаҳри Душанбе хабар додааст, ки ин пирӯзиро омӯзгори шаҳри Хуҷанд аз миёни панҷ ширкаткунандаи дигари озмун ба намояндагӣ аз дигар ноҳияву вилоятҳои Тоҷикистон ба даст овардааст.

Тибқи иттилои ин манбаъ, дар даври ҷумҳуриявии озмуни "Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019" панҷ иштирокчӣ аз вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе роҳхат гирифта буданд.

Ба шумули Дилафрӯз Каримова дар даври ниҳоии озмун Ризоалӣ Маҳмадназарбеков, омӯзгори фанни физикаи мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшони ВМКБ, Некрӯз Турсунзода, омӯзгори фанни географияи мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, Саид Раҳимов, омӯзгори фанни таърих аз мактаби байнулмилалии президентии шаҳри Душанбе ва Ҳабиба Соҳибова, омӯзгори фанни ҳуқуқи литсейи ба номи Тимур Собирови шаҳри Ваҳдат ҳунару маҳорати худро ба намоиш гузоштанд.

Мақомоти Хатлон ба беш аз ду ҳазор омӯзгори ҷавон замини наздиҳавлигӣ дод

Имсол даври ҷумҳуриявии озмуни "Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019" аз рӯи ҳафт шарт - муаррифии таҷрибаи кори омӯзгорон, гузаронидани маҷлиси падару модарон, кор бо компютер, гузаронидани дарсҳои конкурсӣ аз рӯи ихтисос, таҳлили дарс, дарси тарбиявӣ ва посух ба саволҳо баргузор шуд.

Озмуни "Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019" дар чаҳор давр муассисаҳои таҳсилотӣ, шаҳру ноҳия, вилояту ҷумҳурӣ ва бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон баргузор мешавад.

Гуфтаҳои Раҳмон таъсир кард: роҳандозии омӯзиши забони русӣ ва англисӣ дар кӯдакистон

Дилафруз Каримова ғолиби даври шаҳрӣ ва вилоятии озмуни мазкур шуда буд. Даври ҷумҳуриявии озмун тайи ду рӯз идома ёфта, баъзе аз қисматҳои онҳо дар мактабҳои шаҳри Душанбе баргузор шудаанд.

Барчаспҳо:
омӯзгор, ғолиб, озмун

Мавзӯъҳои асосӣ