Шаҳрдори Хуҷанд "Омӯзгори сол"-ро ба ҳузур пазируфт

© © SputnikМаруф Мухаммадзода
Маруф Мухаммадзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маъруф Муҳаммадзода барандаи озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон 2019” Дилафрӯз Каримоваро бо дастовардаш таҳният гуфт

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори соли Тоҷикистон 2019”-Дилафрӯз Каримоваро ба ҳузур пазируфт ва бо ин дастовард номбурдаро табрику таҳният намуд.

Бино ба гузориши мақомоти шаҳри Хуҷанд, Маъруф Муҳаммадзода гуфтааст, ки ин пайки нишотовар дар оғози соли 2020 хеле рамзӣ буда, барои тамоми сокинони шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла маорифчиёни шаҳр қувваю илҳоми тозаю нав мебахшад. Агар соли гузашта аз миёни маорифчиёни шаҳр ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Мураббияи сол” баромада бошад, соли ҷорӣ “Омӯзгори соли Тоҷикистон”. Ин аз заҳмати шабонарӯзии ҷомеаи меҳнатии шуъбаи маориф дарак медиҳад.

Шаҳрдор гуфтааст, ки маҳз бо талошҳои Президент ба рушду инкишофи соҳаи маориф, дарёфти соҳибистеъдодҳои нав, паҳн намудани таҷрибаи пешқадам афзалияти бештар дода мешавад. 

Ӯ умед кардааст, ки Дилафрӯз Каримова донишу таҷрибаи хешро барои таълиму тарбияи насли наврас фаровон истифода менамояд ва чун соҳибтаҷриба ва баррандаи озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори соли Тоҷикистон 2019” барои дигар омӯзгорони шаҳр мояи ифтихор ва пайравӣ мешавад.

Ғолиби озмуни ““Омӯзгори соли Тоҷикистон”-Дилафрӯз Каримоваро аз ин таваҷҷуҳ ва дастгирии доимии раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода изҳори миннатдорӣ баён карда, таъкид доштааст, ки баҳри тарбияи худшиносию худогоҳии насли наврас аз дониш ва таҷрибааш истифода хоҳад намуд.

Ёдовар мешавем, 18-уми январи соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019» доир гардид ва аз миёни 5 нафар довталабони ин озмун Дилафрӯз Каримова, омӯзгори фанни забони англисии литсейи физикӣ- математикии №1-и шаҳри Хуҷанд бо даст овардани 205 хол Шоҳҷоизаи озмунро ба даст оварда, сазвори унвони баланди «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019» гардид.

Дар маросими ҷамъбастӣ ба Дилафрӯз Каримова нишони рамзии озмун, 4000 сомонӣ маблағ, нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дипломи Вазорати маориф ва илм, ифтихорномаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм ва роҳхат ба яке аз осоишгоҳҳҳои мамлакат тақдим карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0