13:11 05 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
251 0 0

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, ҳеҷ як нафар аз донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ба донишгоҳҳои дигар кишварҳо нарафтааст

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Вазорати маорифи Тоҷикистон ба матолиби марбут ба тарки донишгоҳҳои кишвар кардани донишҷӯёни ӯзбекистонӣ вокуниш кардааст.

Открытие нового здания факультета политики и государственного управления Государственного университета Бохтара
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

"То имрӯз на ба вазорати маориф ва илм ва на ба раёсати муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳеҷ як нафар ба таври расмӣ барои интиқол ёфтан аз муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ба муассисаҳои олии дигар кишварҳо муроҷиат накардааст", - омадааст дар ин вокуниши Вазорати маориф.

Қаблан хабар дода шуд, ки Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси Ӯзбекистон аз донишҷӯёни ин кишвар дар Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон даъват кардааст, то ба ватан баргарданд ва бидуни супоридани имтиҳон ва дигар талаботу санҷиш таҳсили худро дар донишгоҳҳои он кишвар идома диҳанд. Расонаҳои ӯзбекӣ хабар доданд, ки дархости донишҷӯён дар Ӯзбекистон аз 7 то 15 феврал пазируфта мешавад ва онҳо бо пешниҳоди танҳо нусхаи шиноснома, ариза барои гузариш ва ҳамчунин дафтарчаи имтиҳонот метавонанд дар кишвари худ таҳсил кунанд. Дар пайи ин даъват садҳо донишҷӯи ӯзбекистонӣ, ки дар Тоҷикистон таҳсил мекунанд, дари шӯъбаҳои байнулмилалии донишгоҳҳои Тоҷикистон, назири омӯзгорӣ ва тарбияи ҷисмониро гирифтанд.

Генерал-майор Сулаймон Султонзода, сардори Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон
акс аз сомонаи Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо “ҳангомаэҷодкунӣ” хондани ин хабар дар вокуниши худ навиштааст, ки “аслан, дар мақола ягон ҳарфи ноҷо ё таҳлилу омори нодурусте ҷой надорад, аммо гузоштани чунин сарлавҳа ва истифодаи истилоҳҳои “оҷил”-у “тарк” бештар диққатро ҷалб менамояд”.

Аз вокуниши ин ниҳод бармеояд, ки он чӣ иттифоқ меафтад бар пояи низоми интиқол ё гузариши донишҷӯён “аз як ихтисос ба дигар ихтисос, аз як шакли таҳсил ба дигар шакли таҳсил ва аз як муассисаи таҳсилоти олӣ ба дигар муассисаи таҳсилоти олӣ” анҷом меёбад, ки як кори муқаррарӣ аст ва “дар ин масъала ҳоҷат ба мақола навиштану ҳангома сохтан нест”.

“Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, ҳамасола теъдоди муайяни донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии дигар кишварҳо дохил шуда, пас аз анҷоми соли таҳсил ба донишгоҳҳои олии Тоҷикистон интиқол меёбанд. Ё баръакс, донишҷӯёни дигар кишварҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон дохил шуда, пас аз анҷоми соли таҳсил дар давраи таътили тобистона ба муассисаҳои олии кишварҳои худ интиқол мегиранд. Аз чӣ бошад, ки ин маротиб интиқол ёфтани донишҷӯёни кишвари ба мо дӯсту бародар барои бархе аз журналистони гиромӣ кори ғайримуқаррарӣ гардида бошад”, - омадааст дар вокуниш.

Бино ба иттилои вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, раванди гузариш ё интиқол аз як факултаву муассиса ба факултаву муассисаи дигар бо “Низомномаи хориҷ, барқарор ва интиқоли донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мешавад.

Тибқи банди 11 – и ин санад, “барқароршавии донишҷӯёне, ки дар курси якум аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ хориҷ шудаанд ё аз як муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба муассисаи таҳсилоти олии касбии дигар ва дар як муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз як ихтисос ба ихтисоси дигар ё аз як шакли таҳсил ба шакли дигари таҳсил интиқол меёбанд, баъд аз даври академии якум бо иҷозати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад”.

Ҳамзамон, тибқи банди 18-и Низомномаи мазкур интиқол ё гузариши донишҷӯён дар курсҳои 2 - 5 аз як муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба муассисаи таҳсилоти олии касбии дигар “бо розигии ректорони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва дар ҳолатҳои истисноӣ бо иҷозати вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад”.

Тибқи Низомномаи фавқуззикр, интиқол ё гузариши донишҷӯ аз як донишгоҳ ба донишгоҳи дигар бо ризоияти ректорони ҳарду донишгоҳ анҷом мешавад ва дархости ӯ дар Комиссияи барқарор ва интиқоли муассисаи таҳсилоти олии касбии қабулкунанда дар асоси пешниҳод гардидани аризаҳои ӯ бо розигии ректорони ҳарду муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Дар анҷом дар вокуниши вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфта мешавад, ки “то имрӯз на ба Вазорати маориф ва илм ва на ба раёсати муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳеҷ як нафар ба таври расмӣ барои интиқол ёфтан аз муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои олии дигар кишварҳо муроҷиат накардааст”.

Барчаспҳо:
Ӯзбекистон, интиқол, донишҷӯ, маориф, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ