01:18 06 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
449 0 0

Муовини Вазири маорифи Қазоқистон хуруҷи толибилмони узбек аз донишгоҳҳои ин кишварро хуб пазируфт ва итминон дод, ки ин раванд ба кори муассисаҳои таълимӣ таъсиргузор нахоҳад буд

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Ваазири маориф ва илми Қазоқистон хурӯҷи донишҷӯёни узбек аз донишгоҳҳои кишварашро шарҳ дод.

Узбакистон далели баргардонидани донишҷӯёнашро аз Тоҷикистон шарҳ дод

Ба гуфтаи намояндагони сафорати Узбекистон дар Қазоқистон, сабаби аслии тарки донишгоҳҳои Қазоқистон кардани донишҷӯёни узбекистонӣ, ин зиёд шудани дастрасӣ ба таҳсилоти олӣ дар худи Узбекистон аст. Дар ин бора Мирас Дауленов, муовини вазири маориф ва илм дар сафҳаи Фейсбукии худ хабар додааст.

"Тибқи маълумоти мавҷуда, на танҳо донишҷӯёни мамлакати мо, балки як қатор кишварҳои ҳамсоя низ ба донишгоҳҳои Узбекистон интиқол дода мешаванд. Дар ҷаҳон тамоюли паҳн кардани маълумоти олӣ ва дастрасии оммаи ба илм вуҷуд дорад. Ғайр аз ин, монеаҳо барои ҳаракати академикӣ дар ҳама ҷо бартараф карда мешаванд", - изҳор намудаст муовини вазири маориф.

Раванди хурӯҷи донишҷӯёни узбекро муовини вазир як амри маъмулӣ ҳисобида гуфтааст, ки он ба кори муассисаҳои таълимӣ таъсири манфӣ намерасонад.

Ёдовар мешавем, чанде қабл Вазорати маорифи Узбекистон далели баргардонидани шаҳрвандони кишварро аз донишгоҳҳои Тоҷикистон тавзеҳ дода буд. Онҳо гуфтаанд, ки танҳо ба донишҷӯён имконият ё шонс медиҳанд, то ба донишгоҳҳои ватанӣ бе мушкилӣ баргарданд ва ин амали маҷбурӣ нест.

"Қарори баргаштан ё нагаштанро худи донишҷӯ қабул мекунад, чун ӯ ба ихтиёри худ ба донишгоҳи хориҷӣ дохил шудааст", - гуфтааст намояндаи вазорат.

Узбекистон далели ин пешниҳодро чунин тавзеҳ медиҳад: волидон шикоят кардаанд, ки ба донишҷӯёнашон пул интиқол дода наметавонанд, ё бархе аз донишгоҳҳои Тоҷикистон дар феҳристи миллии Узбекистон нест ва масъалаи корбурди дипломи ин донишгоҳҳо дар кишвар зери суол меравад.

Барчаспҳо:
узбак, донишҷӯ, Қазоқистон

Мавзӯъҳои асосӣ