Фармони Раҳмон барои таъсиси Агентии нави назди президент: 3 моҳ муҳлат ба Ҳукумат

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, барои таъсиси Агентии ҷадиди назди раисиҷумҳур фармон додааст, ки ба назорати соҳаи маориф машғул хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Бар асоси фармони имзокардаи Эмомалӣ Раҳмон, Агентии назорат дар соҳаи маорифи назди президенти Тоҷикистон дар заминаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ташкил хоҳад шуд.

Министр образования и науки Таджикистана Имомзода Мухаммадюсуф Сайдали - Sputnik Тоҷикистон
Поафзорро аз вазири пешӣ пурсед: Вазири нави маориф гуфт, иншоаллоҳ, савдоро поён мебахшад

Раисиҷумҳур ба Ҳукумат се моҳ муҳлат додааст, то оиннома, сохтори марказию маҳаллӣ ва низоми идораи  Агентии навтаъсисро таҳия ва пешниҳод кунад.

Эмомалӣ Раҳмон Агентии навтаъсисро ба феҳрасти ниҳодҳои марказии иҷроия шомил намуда, дастур додааст, ки тағйироти зарурӣ ба қонунгузории кишвар ворид гарданд.

“Семоҳӣ пахта мечидам, ҳозир академикам”: Вазир дар бораи хатти форсӣ ва “маршировка”

Дар назар аст, ки ниҳоди нав ба иҷозатномадиҳӣ, назорати сифати таҳсилот, аттестатсия ва корҳои дигари назоратию машваратӣ дар бахши маориф машғул шавад.

Лентаи хабарҳо
0