13:44 29 марти 2020
Пахши мустақим
  • USD10.20
  • EUR11.19
  • RUB0.13
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
685 0 0

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Донишгоҳи Кембриҷ ҳафтаи равон ёддошти тафоҳум имзо карданд, ки заминаи ҳамкориҳои илмиро дар арсаҳои тадқиқоти муштарак, табодули устодону донишҷӯён ва маводи илмиро фароҳам меоварад

ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Маросими ба имзо расидани ёддошти тафоҳум дар бинои The Old Schools-и Донишгоҳи Кембриҷ воқеъ дар миёни биноҳои дигари қадимии донишгоҳ бо ҳузури Шоҳдухт Заҳро Оқохон, аъзои Шӯрои Парасторони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, ректор ва деканҳои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва намояндагони аршади донишгоҳи Кембриҷ баргузор шуд, хабар дод котиботи ДОМ.

"Ин тавофуқнома ҳадафҳои моро дар ростои пайдо кардани роҳҳои ҳамкориҳои наздиктар ва саҳм гузоштан дар ҷомеа расмият мебахшад. Ҳамкорӣ миёни донишгоҳҳо хеле муҳим аст ва ба ин далел донишгоҳи Кембриҷ талош мекунад бо муассисаҳои пештози ҷаҳон ҳамкориҳоро ба роҳ монад. Мо умед дорем, ки ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Ташкилоти Оқохон оид ба Рушд - AKDN самарабахш хоҳад буд", - изҳор дошт муовини канслери донишгоҳи Кембриҷ профессор Стивен Ҷ. Туп.

Ба иттилои котиботи ДОМ, ҳамкории ин ду муассиса барои олимон имконият медиҳад, то дар арсаҳои муҳим барои Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон аз тариқи созмонҳои Ташкилоти Оқохон оид ба Рушд  - AKDN, тадқиқоти муштарак анҷом диҳанд.

Доктор Шамш Кассим-Лакҳа, раиси Шӯрои парасторони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва намояндаи дипломатии AKDN дар Қирғизистон зимни изҳори сипос ба профессор Стивен Ҷ. Туп таъкид кард, ёддошти имзошуда ҳосили эътимод ва талошҳои ҳамкорони мо дар ҳарду донишгоҳ мебошад.

"Бо дастгирии пайваста ва саховатмандонаи Кембриҷ Траст ва факултаи омӯзиш қадамҳои нахустини ҳамкорӣ дар самти тақвияти ҳайати устодон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ гузошта шуда буданд", - гуфт доктор Кассим-Лакҳа

Раиси Шӯрои парасторони ДОМ гуфт, Оқохони IV ба донишгоҳҳо аз рӯи 2 меъёр баҳо медиҳад.

"Волоҳазрат Оқохон, канслери Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ҳамеша моро хотиррасон мекунад, ки муваффақияти ҳар донишгоҳ ду меъёр дорад - шуғли хатмкунандагон ва сифати тадқиқот, ки дар донишгоҳҳо анҷом шуда, баъдан ба фоидаи ҷомеаҳо истифода мешавад"-изҳор дошт доктор Кассим-Лакҳа. 

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ соли 2000-ум таъсис ёфтааст. Шартномаи таъсисӣ ва Оинномаи ин донишгоҳи хусусӣ, дунявӣ ва ғайритиҷоратӣ аз ҷониби президентҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Волоҳазрат Оқохон имзо шуда, аз сӯи парлумонҳои ин кишварҳо ба тасвиб расид ва дар Созмони Милали Муттаҳид ба қайд гирифта шуд.

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ як муассисаи омӯзишии беназирест, ки ба рушди манотиқи куҳистон таваҷҷуҳ мекунад. Шаҳракҳои донишҷӯии Мактаби илмҳои гуманитарӣ ва дақиқи ин донишгоҳро меъмори ҷоизадор – Арата Исозакӣ тарҳрезӣ кардааст, ки дар Норини Қирғизистон ва Хоруғи Тоҷикистон қарор доранд. Шаҳраки донишҷӯии Текелӣ дар Қазоқистон феълан дар марҳилаи банақшагирӣ аст. Мактаби олии Рушди Донишгоҳи Осиёи Марказӣ аз се донишкадаи тадқиқотӣ иборат аст ва Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори ин донишгоҳро шурӯъ аз соли 2006 150 ҳазор донишомӯз хатм кардаанд. 

Барчаспҳо:
Хоруғ, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ