22:36 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
701910

Вазири маорифи Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, ки ҳамзамон роҳбарии ситоди дохилиидоравиро ба зимма дорад, дастур додааст, ки муҳассилин ба макотиб бо ниқоби тиббӣ ҳозир шаванд

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Бо дастури Вазири маорифи Тоҷикистон, иштироки толибилмони тоҷик дар озмунҳои байналмилалӣ муваққатан манъ карда шудааст.

Ин тасмими Имомзода дар робита ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии маризии сироятии коронавирус гирифта шудааст.

Ба иттилои котиботи Вазорати тандурустии Тоҷикистон, чанде қабл бо мақсади расонидани маълумоти пешгирикунанда аз сирояти коронавирус дар Вазорати маориф ситоди дахлдор таъсис дода шуд, ки роҳбарии он ба зиммаи вазири маориф Муҳаммадюсуф Имомзода вогузор шудааст.

Вазир аз тарси мубталои коронавирус шудан, дасти Меркелро нафишурд - навор

Зимнан, Имомзода дастур додааст, ки дар тамоми муассисаҳои таълимӣ, тозагӣ ва меъёрҳои гигиенӣ риоя шуда, истифодаи ниқоби тиббӣ роҳандозӣ шавад.

Ҳамзамон, бо дархости Вазири маориф дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, маводи хӯрокӣ ва маводи зиддивирусӣ харидорӣ ва захира шавад. Иштироки толибилмони тоҷик низ дар озмунҳои байналмилалӣ муваққатан манъ карда шудааст.

Ба зону зад: узрхоҳии раҳбари мазҳабӣ аз мардум барои паҳнкунии коронавирус - навор

Дар Тоҷикистон то имрӯз ҳолати сироятёбӣ ба вируси мазкур ба қайд гирифта нашудааст, бо вуҷуди ин, бо мақсади пешигирӣ аз ин беморӣ мутахассисон тавсия медиҳанд, ки  ҳар як нафар гигиенаи шахсиро риоя намуда, дастонро бояд тез- тез бо собун ва ё маҳлулҳои безараргардонанда шӯяд.

Барчаспҳо:
ниқоби сиёҳ, олимпиада, вазири маориф ва илми ҶТ

Мавзӯъҳои асосӣ