23:23 30 марти 2020
Пахши мустақим
  • USD10.20
  • EUR11.26
  • RUB0.13
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
127 0 0

Шуъбаи мероси фарҳангӣ ва улуми башарии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар доираи силсилаи китобҳои "Мероси фарҳангӣ", китоби нодир – “Тоҷикони водии Хуф”-ро бознашр ва муаррифӣ намуд

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Қурбон Аламшоев, рӯзноманигор ва нависанда танҳо ба хотири як китоб роҳи тӯлониеро аз вилояти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанберо тай кард, хабар дод котиботи ДОМ.

"Вақте ки ман ин хабарро аз расонаҳо хондам, воқеан хеле шод шудам, ки дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ китобҳое пешкаш мешаванд, ки дар онҳо бознашри асарҳои чопшудаи шарқшиноси машҳур Михаил Андреев "Тоҷикони водии Хуф" низ шомил гардидааст. Ин асар кайҳо боз чун китоби нодир ва камёфти библиографӣ ҳисобида мешуд ва дар тасаввури бисёре аз мардуми мо эҳсоси хатаре вуҷуд дошт, ки шояд ин китоб ба зӯдӣ тамоман аз байн хоҳад рафт" -мегӯяд Аламшоев.

Ӯ афзуд, ҳамчун рӯзноманигор ва муҳаққиқ, ки солҳои тӯлонӣ бойгонии Андреевро меомӯзад, кори бузургеро, ки Донишгоҳ барои чопи ин китоб анҷом додааст, қадр мекунад.

"Ин аз нияти ҷиддии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ оид ба барқарор кардани мероси пурарзиши маънавӣ, мардумшиносӣ (этнографӣ) шаҳодат медиҳад", - изҳор дошт Аламшоев.

Шуъбаи мероси фарҳангӣ ва улуми башарии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ муаррифии навгониҳое аз силсилаи китобҳои "Мероси фарҳангӣ" -ро пешкаш намуд. Чорабинӣ дар Маркази Исмоилияи Душанбе, дар Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он зиёда аз 200 намояндагони ҷомеаи маданӣ, илмӣ, сафоратхонаҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ ва мақомоти давлатӣ иштирок карданд.

Дар баробари китоби “Тоҷикони водии Хуф” -и Михаил Андреев ба меҳмонон боз ду китоби дигар, аз ҷумла, “Маджи Андрей Евлампиевич: Ним асри таҳқиқоти илмӣ дар Осиёи Марказӣ” аз ҷониби Виктор Дубовицкий ва “Сафарномаи меъморӣ” дар асоси "Сафарнома"-и Носир Хусрав, муаллиф Мунаввар Мамадназаров, тақдим шуданд.

"Кишварҳои Осиёи Марказӣ арзишҳое доранд, ки омӯзиш ва идома додани суннати олимони бузурги гузаштаро барои интиқоли оқилонаи мероси илмии худ ба давраи оянда талаб мекунанд", гуфт Богдан Кравченко, декани Мактаби олии рушди Донишгоҳи Осиёи Марказӣ.

"Донишгоҳи мо тайи чандин сол аст, ки бо Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад ва ин ҳамкорӣ хеле муваффақона рушд меёбад. Бойгонии Академия Илмҳо ганҷури маводи бебаҳое аст, ки ният дорем, ки бо истифодаи технологияи муосир ва рақамӣ кардан ин мерос ҳифз ва ба ҷаҳониён пешкаш карда мешаванд. Аҳамияти омӯзиш ва нашри ин маводи арзишмандро набояд нодида гирифт” -таъкид кард Б.Кравченко.

Ғайр аз он, доктор Кравченко қайд кард, ки соли гузашта Шӯъбаи мероси фарҳангӣ ва гуманитарӣ як қатор нашрияҳои илмиро оғоз намуд, ки ҳадафи онҳо бунёди як маҷаллаи мукаммали илмӣ мебошад, ки дар он олимони минтақа метавонанд асарҳои худро нашр кунанд ва ба захираҳои илмии онҳо доираи васеъи мардум дастрасӣ дошта бошанд. Нашрияҳоро ройгон дар сомонаи Донишгоҳ пайдо кард.

Ба гуфти мудири Шуъбаи мероси фарҳангӣ ва улуми башарии Мактаби олии Рушди Донишгоҳ доктор Элмира Кочумкулова мақсади асосии силсилаи китобҳои "Мероси фарҳангӣ" ин мусоидат ба ҳифз ва тарғиби таърих ва фарҳанги бою гуногунҷанбаи мардумони Осиёи Марказӣ мебошад. Дар тӯли 12 соли охир Донишгоҳи Осиёи Марказӣ 20 китоби арзишмандеро таҳия кард, ки онҳо натиҷаҳои тадқиқот дар бораи маконҳои меъморӣ ва бостоншиносӣ, анъанаҳо, мусиқӣ ва санъати шифоҳии мардумони кӯҳистонҳои Помир ва Тян-Шон мебошанд".

Барчаспҳо:
бознашр, китоб, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ