11:28 02 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.21
  • EUR11.16
  • RUB0.13
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
220 0 0

Ҳуҷҷатсупорӣ ба донишгоҳҳои Русия дар доираи Стипендияи байналмилалии Президенти Тоҷикистон "Дурахшандагон" оғоз гардид

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputniк. Муассисаи давлатии "Маркази барномаҳои байналмилалӣ"-и Вазорати маорифи Тоҷикистон эълон намуд, ки қабули ҳуҷҷатҳо барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Русия дар соли таҳсили 2020 - 2021, оғоз гардид.

"Барои номнавис хоҳишмандон метавонанд ба Муассисаи давлатии "Маркази барномаҳои байналмилалӣ" ба суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода 47 муроҷиат намоянд",-менависад АМИТ "Ховар" бо истинод ба муассисаи мазкур.

Гуфта мешавад, ки "Муассисаи давлатии "Маркази барномаҳои байналмилалӣ" барои таҳсил дар донишгоҳҳои зерин эълон баровардааст:

  • Академияи давлатии ҳуқуқшиносии Саратов
  • Донишгоҳи давлатии Оренбург
  • Донишгоҳи давлатии техникии нафту гази Уфа
  • Донишгоҳи давлатии Кемерево
  • Донишгоҳи давлатии гуманитарӣ-технологии Орехово-Зуева
  • Донишгоҳи давлатии роҳҳои алоқаи Шарқи Дур
  • Донишгоҳи давлатии Олтой, Донишгоҳи давлатии технологии Олтой
  • Донишгоҳи давлатии аграрии Мичуринск
  • Донишгоҳи технологии Россия МИРЭА
  • Донишгоҳи технологии алоқа ва информатика Маскав

Ҳамчунин, ҳуҷҷатсупорӣ ба донишгоҳҳои Русия дар доираи Стипендияи байналмилалии Президенти Тоҷикистон "Дурахшандагон" низ, оғоз гардид.

Телефонҳо барои тамос: 223-23-59; 221-18-83.

Барчаспҳо:
ҳуҷҷатсупорӣ, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ