Супориши Раҳмон барои афзоиши маоши омӯзгорон ва барандаҳои стипендияи Президент

© Sputnik / / Игорь ЛекаркинПодсчет денег, архивное фото
Подсчет денег, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дастур дод, ки аз 1 сентябри соли 2021 маоши омӯзгорони фанҳои дақиқу табиӣ зиёд карда шавад

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар мулоқот бо олимони тоҷик пешниҳод кард, ки аз 1 январи соли 2021 шумораи гирандагони стипендияи Президент аз ҳисоби аълохонҳои фанҳои табиӣ ва риёзиву дақиқ наздики 8 баробар зиёд карда шавад.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Ариза нависед! Раҳмон дар бораи асардуздӣ ва унвонгирии вазирону вакилон

Бо пешниҳоди раисиҷумҳур, гирандаҳои стипентияи Президент дар макотиби миёна, аз 400 нафар то 3000 нафар зиёд ва андозаи маблағи он 500 сомонӣ муқаррар карда шавад.

“Инчунин, шумораи гирандагони чунин стипендияҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 100 нафар то 500 нафар ва барои аспирантони мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илмӣ аз 15 нафар то 50 нафар зиёд карда шавад. Аз шумораи умумии стипендияҳои Президентӣ 70 фоиз барои фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ равона карда шавад”, - таъкид кард раисиҷумҳур.

Ӯ ба вазоратҳои молия, маориф ва илм супориш дод, ки барои аз 1 сентябри соли 2021 зиёд намудани музди меҳнати омӯзгорони фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва дигар имтиёзҳо барои омӯзгорони чунин муассисаҳо, бахусус, омӯзгорони ҷавон ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод манзур намоянд.

Писари Нуриддин Саид раиси Агентӣ шуд: аз зикр дар "Диссернет" то нозири №1-и маориф

Дар баробари ин, устодоне, ки шогирдони онҳо дар озмунҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ аз ин фанҳо ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз лиҳози моддӣ ва маънавӣ қадрдонӣ карда шаванд, супориш дод Раҳмон.

Эмомалӣ Раҳмон Ҳукуматро муваззаф кард,  барои олимону омӯзгорони фанҳои табиӣ ва дақиқу риёзӣ мукофоти махсуси давлатӣ таъсис диҳаду ҳар сол 15 нафар бо ин мукофот сарфароз гардонида шавад.

Лентаи хабарҳо
0