01:58 03 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.50
  • RUB0.15
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
106 0 0

Дар деҳаи Спинзи Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои нави таълимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

ДУШАНБЕ, 14 апр - Sputnik. Толибилмони мактаби №17-и  деҳаи Спинзи Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнони ВМКБ минбаъд дар синфхонаҳои васеъ ва ҳарораташон  муътадил таҳсилро идома медиҳанд.

Дар ин деҳа бинои нави таълимӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Хонандагону омӯзгорон аз сифати кори бинокорони ҶДММ "Мадад" розӣ ҳастанд.

Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шуғнон Қадамшо Саидарабов гуфт, ки "бинои кӯҳнаи таълимгоҳро аввали солҳои шастуми асри гузашта сохта буданд ва он дар ҳолати садамавӣ қарор дошт. Бар асари  зилзила деворҳояш осеби ҷиддӣ дида буданд. Аз ин рӯ,  дар фасли сармо гарм кардани синфхонаҳои мактаб  ғайриимкон буд. Хонандагон маҷбур мешуданд, ки  либосҳои ғафси зимистонаро аз тан бадар накунанд. Бе ин ҳам синфхонаҳо хеле тангу торик буданд. Бо кумаки мақомоти вилоят давоми як сол бинои нави замонавӣ ба истифода дода шуд".

Бино аз 8 синфхона, китобхона ва ду утоқ барои омӯзгорон иборат аст., хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Тибқи иттилои манбаъ, бино системаи ягонаи гармдиҳӣ дошта, дар сурати қатъ шудани барқ имкони бо ангиштсанг гарм намудани он низ вуҷуд дорад.

Бунёди Оқохон дар се ноҳияи ВМКБ марказҳои саломатӣ бунёд мекунад

Ба гуфтаи мудири шуъбаи маорифи ноҳия, дар се соли охир дар ҳудуди ноҳия 5 бинои муосири таълимӣ сохта шуданд, ки дутояшон дуошёна ва яке аз инҳо сеошёна мебошад.

Ҳоло дар 56 муассисаи таълимии ин ноҳия зиёда аз 6 ҳазор хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Барчаспҳо:
ифтитоҳ, нав, мактаб, Сучони ноҳияи Шуғнон

Мавзӯъҳои асосӣ