Рустами Эмомалӣ ба ғолибони озмуни "Фурӯғи cубҳи доноӣ..." беш аз ним миллион ҷудо кард

© Пресс-служба мэра ДушанбеМэр города Душанбе Рустам Эмомали
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори пойтахт барои ғолибони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” беш аз ним миллион сомонӣ ҷудо кардааст. 

ДУШАНБЕ, 15 апр - Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии шаҳрдорӣ, ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои озмуни  мазкур  тасдиқ шуда,бо фармони Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе барои баргузории ин озмун  564 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Амри Раҳмон: аз фонди Президент барои китобхонҳо бештар аз 1 миллион сомонӣ ҷудо шавад

Ба иттилои манбаъ, озмуни мазкур  бо мақсади иҷрои дастури президент аз 5 феврали соли 2020  ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкиливу бадеӣ баргузор намудани озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, инчунин баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, инкишофи қобилияти эҷодӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавии сокинони пойтахт роҳандозӣ мегардад.

Ёдовар мешавем, ғолиби гузаштаи ин озмун дар пойтахт аз рӯи чор номинатсия Раҳнамо Бунёд, хонандаи муассисаи таълимии хусусии литсейи “Раҳнамо” ва фарзанди сиёсатшинос Абдуллои Раҳнамо дониста шуда,  ба ӯ Шоҳҷоиза  ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 20 ҳазор  сомонӣ  тақдим гардид.

Ҳамчунин Раҳнамо Шабеҳа ва Раҳнамо Муҳаммад фарзандони дигари Абдуллои Раҳнамо дар бахши аз ёд кардан ва хондани осори адибони классики тоҷик ва дар бахши аз ёд кардан ва хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик ғолиб гаштанд.

Дар бахши  аз ёд кардан ва хондани осори адибони муосири тоҷик Шукрона Хоҷамқулова, ва дар бахши аз ёд кардан ва хондани осори адабиёти ҷаҳон Шабнам Одинаева, донишҷӯи факултаи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ғолиб омаданд.

Лентаи хабарҳо
0