Вазорати маориф ба хонандагон: дарсҳоро аз “Телевизиони Баҳористон” бинед

Обуна шудан
Саҳми волидайн дар таътил барои донишомӯзии фарзандон калон буда, онҳо бояд барои фарзандон нақшаи ҳаррӯза тартиб дода, нагузоранд, ки вақти худро беҳуда сарф намоянд.

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Вазорати маорифи Тоҷикистон гуфтааст толибилмон  дар давраи таътил тариқи барномаи “Сандуқчаи зулбиё”-и “Телевизиони Баҳористон” дарсҳо гузаронида мешаванд ва хонандагон метавонанд аз онҳо истифода намоянд, то аз барномаи таълими мактабӣ дур намонанд.

Город Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
“Дезинфексия”, на карантин: тамоми мактабҳои Тоҷикистон таътил шуданд

 Ҷалолиддин Амиров, сармутахассиси Раёсати таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф гуфтааст,  ҳарчанд дар давраи таътил хонандагон аз дарсҳо дур бошанд ҳам,  омӯзгорон ба онҳо китобҳои бадеӣ тавсия намудаанд, то ба мутолиаи пайваста машғул шаванд.

Номбурда гуфтааст, “ҳифзи солимии кӯдакону наврасон ва бехатарии аҳолӣ яке аз ҳадафҳои асосии давлат дониста мешавад. Дар таътили муқарраргардида хонандагон бояд вақти худро бо донишомӯзӣ ва омодагӣ ба озмунҳои  дар пеш истода гузаронанд”,- гуфтаст Ҷалолиддин Амиров.

Ба гуфти ӯ саҳми волидайн дар таътил барои донишомӯзии фарзандон калон буда, онҳо бояд барои фарзандон нақшаи ҳаррӯза тартиб дода, нагузоранд, ки вақти худро беҳуда сарф намоянд.

Сотрудница школы проводит санитарную обработку класса - Sputnik Тоҷикистон
Таътили макотиб: на фақат маош, балки иловапулиҳо ҳам дода мешавад

Ҷалолиддин Амиров гуфтааст, дар муассисаҳои таҳсилӣ гурӯҳи навбатдорон  ташкил карда шудааст, ки ҳар рӯз ҳисоботи худро роҷеъ ба корҳои тамизкорӣ ба Ситоди ҷумҳуриявӣ мерасонанд. То оғоз шудани таътил тамоми муассисаҳо аз ҷониби мутахассисон поккорӣ мешаванд.

Қаблан Эҳсони Хушбахт, сухангӯи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ гуфт, маоши омӯзгорон тибқи низомномаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

Ба иттилои ӯ  дарсҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи муқаррарот идома дошта, дар сурати ворид гардидани тағйирот ба таври иловагӣ иттилоъ дода мешавад.

Шанбеи гузашта, 26 апрел, вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо дастури Ситоди ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз пандемияи маризии вируси корона ё COVID – 19 эълон кард, ки аз 27 апрел то 10 майи соли 2020 муваққатан дар муассисаҳои таълимӣ - кӯдакистону боғча, мактабҳо, литсейҳои касбӣ – техникӣ, коллеҷҳо - таътил эълон карда шавад.

 

Лентаи хабарҳо
0