08:08 03 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.50
  • RUB0.15
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (474)
905 0 0

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, донишҷӯён барои напардохтани пули таҳсил хориҷ намешаванд. Қаблан иддае аз донишҷӯён шикоят карданд, ки донишгоҳ барои напардохтани пули таҳсил таҳдиди хориҷ карданро кардааст

ДУШАНБЕ, 4 май – Sputnik. Гуфтугузорҳо дар бораи хориҷ кардани донишҷӯён ба хотири напардохтани маблағи шартномаи таҳсил сиҳат надоранд ва донишҷӯёни хатмкунандаи бемор низ фурсати дигар барои супоридани имтиҳон доранд, изҳор дошт Эҳсони Хушбахт, сухангӯи Вазорати маориф ва илм ба Sputnik Тоҷикистон.

“Ҳеҷ кас ҳаққи дар ин ду маврид маҷбур карданро надорад. Ҳанӯз 30 апрел пас аз ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз густариши “вируси корона” ё CОVID-19 дар вазорат ҷаласае таҳти раёсати вазири маориф ва илм баргузор шуд. Он ҷо рӯшан гуфта шуд: донишҷӯёни курсҳои 1, 2 ва 3-и макотиби олӣ чун барномаҳои таълимиро аз худ кардаанд, аз 4 майи соли 2020 ба таътили тобистона мераванд”, - изҳор дошт сухангӯи Вазорат.

Ӯ афзуд, ки имтиҳоноти тобистона аз рӯи рейтингҳои якум ва дуюм баҳогузорӣ мешавад, хатмкунандаҳо то 15 май имтиҳоноти давлатиро ҷамъбаст мекунанд. Ин дастури вазорат бояд бе чуну чаро иҷро шавад, таъкид кард Эҳсони Хушбахт.

Он чӣ ба пардохти маблағи таҳсил рабт мегирад, ин аст, ки ба қавли мавсуф, Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маорифу илм дар ҳамон ҷаласа возеҳу равшан гуфтааст, ки насупоридани маблағи шартномаи таҳсили набояд садди роҳи ҷамъбасти сессияи тобистона гардад ва бояд имкон дод, ки донишҷӯ пас аз хуб шудани вазъ дар кишвар ва пайдо шудани имконоти молиявӣ ин маблағро пардохт намояд.

“Вазир гуфтанд, баҳои донишҷӯёни курсҳои 1-3, ихтисосҳои ҳамгиро 1-4, ихтисосҳои тиббӣ - 1-5 бояд аз рӯи баҳои ҷамъбастии рейтингҳо гузошта шавад ва донишҷӯёне, ки бо сабабҳои гуногуни узрнок дар имтиҳоноти хатм иштирок карда наметавонанд, имтиҳони онҳо ба даври дигар - семестри тирамоҳӣ гузаронида шавад”, - гуфт Эҳсони Хушбахт

 Қаблан иддае аз донишҷӯён дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз он шикоят карда буданд, ки донишгоҳҳо аз онҳо пардохти маблағи таҳсилро талаб намуда, таҳдид кардаанд, ки дар ҳоли напардохтани маблағ хориҷ хоҳанд шуд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (474)
Барчаспҳо:
вазорати маориф ва илми ҶТ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ