Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Парвандаи волидон: надонистани қонун ё далели камбизотӣ?

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкМолоток судьи
Молоток судьи - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маъмурони мақомоти милитсия нисбати як зани ҷавон, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов барои монеагӣ кардан аз рафтани фарзандаш ба мактаб парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд

ДУШАНБЕ, 6 июн – Sputnik. Бо тайиди ин иттилоъ манобеъ аз РВКД дар вилояти Суғд, ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ин зан Рудоба (ном шартан иваз карда шудааст) сокини 35 - солаи ҷамоати Заркори ноҳияи Ҷаббор Расулов буда, дар ҳоле бар асоси қонун айбдор гумонбар дониста мешавад, ки барои гирифтани таълими ҳатмии фарзанди ноболиғаш, хонандаи синфи як, аз моҳи сентябр то анҷоми соли хониши 2019 – 2020 монеъ шудааст.

"Нисбати ин зан бо аломати моддаи 164 и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби масъулони Хадамоти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, айни ҳол тафтишот идома дорад", - гуфт манбаъи Sputnik Тоҷикистон.

Моддаи 164 - уми Қонуни ҷиноятии Тоҷикистон то ду соли маҳрум сохтан аз озодӣ ё тадбиқи ҷарима ба андозаи аз як то ду ҳазор маоши ҳадди ақал, яъне аз панҷ то ба даҳ ҳазор сомонӣро тақозо мекунад.

Суғд: тадбиқи ҷаримаи судҳо нисбати волидон

Осим Каримзода сардори Раёсати маорифи Суғд дар нишасти матбуотии ҷамбасти фаъолияти ин ниҳод дар посух ба суоли рӯзноманигорон аз тадбиқи ҷаримаи волидони хонандагон аз суи додгоҳҳо иттилоъ дод.

Судебный молоток, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мурофиаи додгоҳии волидон дар литсейи №1-и Душанбе барои телефони фарзандон

Ӯ гуфт, бар асоси иттилое, ки аз ҷониби мақомоти милитсия дастрас кардааст, дар соли 2019 судҳои шаҳру навоҳии вилоят парвандаи 62 нафар волидонро, ки барои рафтани фарзандонашон ба мактаб монеъ шудаанд,  баррасӣ намуда, нисбати онҳо ба андозаи 10 145 сомонӣ ҷаримаҳо ситонида шуда, ҳамчунин 247 парвандаҳои дигар дар марҳилаи баррасии судӣ қарор доштаанд.

Нигаронии генерал Навҷувонов аз мухолифати волидон дар Суғд барои илмомӯзии фарзандон

Дар ин давра танҳо ба чор нафар волидон барои ислоҳи масъулият огоҳӣ дода шудааст.

Масъулони комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар кишвар аз парҳези кору заҳмати сангини атфол дар шароити саҳро таъкид варзида, мегуянд, ки бояд шароити мусоид аз сӯи волидон барои таълиму тарбияи кӯдакон фароҳам оварда шавад.

Заъфи тарбия ё эҳсоси хатар: чаро донишомӯзон мусаллаҳ мешаванд

Аммо иддае аз ҷомеашиносон меӯуянд, адами шароити иқтисоди хонаводагӣ, сабаби он шудааст, ки аслан худи наврасон ба корҳои сахти ҷисмонӣ машғул шуда, шавқи бештари таҳсил кардан дар мактабҳоро надоштаанд.

Ҳамсуҳбати мо ходими соҳаи маорифи Суғд иброз намуд, ки дар ин масъала мавҷи муҳоҷират як омил буда метавонад, ки дар шароити рустоҷойҳо бештари ҷавонон аз баҳри таҳсил дар мактабҳо гузашта, мехоҳанд ба кори саҳро машғул шаванд ва ба ин васила барои дарёфти рӯзӣ ба модарони худ кӯмак кунанд.

"Асосан хонандагон дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Масчоҳ, Деваштич аз таълими ҳатмӣ зиёдтар дур мондаанд. Бо даъвати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҷумла бо прокуратура ҳар сол шуморе аз чунин ҷавонон ба таълими ҳатмӣ дубора ҷалб карда мешаванд", - гуфт ин ҳамсуҳбати мо.

Аксари коршиносони масоили иҷтимоӣ мегӯянд, шароити фақру нодорӣ шуморе аз хонаводаҳоро дар пешгирӣ аз ҷалби фарзандони мактабхон дар кору бори саҳро ногузор кардааст.

Сокина як зани рустоӣ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон мегӯяд, аз он ки ҳоло зироат манбаи аслии дарёфти рӯзии хонаводаҳо дар шароити деҳотҷойҳо ба ҳисоб меравад, бе иштироки наврасон ба иҷро расонидани кори он ғайриимкон шудааст.

"Дар ғунучини ҳосили сабзию картошка, турбу шалғаму карам нақши наврасон басо муассир аст. Онҳо барои расонидани лавозимоти зарурӣ,  халтаҳои полиетиленӣ, кашонидани чойу об ва дигар корҳои саҳроӣ саҳмгузорӣ мекунанд", гуфт Сокина.

Бино ба иттилоъи Раёсати маорифи Суғд, соли таҳсили 2019 - 2020 дар 929 муассисаҳои таҳсилоти умумии мавҷудбудаи шаҳру ноҳияҳои вилоят, 547 ҳазор хонанда аз ҷумла 267 ҳазору 888 духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ба гуфтаи масъулин ин рақам назар ба соли қаблии таҳсил бо 1 муассисаи таълимӣ ва 14 ҳазору 233 хонанда зиёд будааст.

Лентаи хабарҳо
0