Шонси дуюми донишҷӯй шудан: дар Тоҷикистон марҳилаи иловагии ҳуҷҷатсупорӣ оғоз мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевВступительные экзамены в вузы, архивное фото
Вступительные экзамены в вузы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Марҳалаи иловагии бақайдгирӣ то 30 июн идома ёфта, хоҳишмандон метавонанд бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ  ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ дар шаҳри Душанбе, шаҳрҳои Хуҷанд, Хоруғ, Бохтар ва Кӯлоб муроҷиат кунанд.

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки аз 15 июни соли равон  марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ оғоз мегардад.

Ба иттилои манбаъ, шахсоне, ки бо дарназардошти вазъи марбут ба ҳамагирии COVID-19 дар марҳилаи асосии бақайдгирӣ (аз 2-юми март то 30-юми апрел) натавонистанд худро номнавис кунанд, метавонанд дар марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ  худро ба қайд гиранд.

"Марҳалаи иловагии бақайдгирӣ то 30 июн идома ёфта, хоҳишмандон метавонанд бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ  ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ дар шаҳри Душанбе, шаҳрҳои Хуҷанд, Хоруғ, Бохтар ва Кӯлоб муроҷиат кунанд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки довталабоне, ки дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ (аз 15-ум то 30-юми июн) худро номнавис мекунанду боз мехоҳанд интихобҳои аввалаи худро иваз кунанд, имкон доранд, ки ба нуқтаи бақайдгирие, ки худро қаблан дар он номнавис карда буданд, муроҷиат карда, худро аз нав ба қайд гиранд.

Довталабон дар назди Маркази миллиии тестӣ - Sputnik Тоҷикистон
Муҳим: Маркази миллии тестӣ имтиҳонро дар асоси тарҳи нав доир мекунад

Донишҷӯ шудан мехоҳед? оғози бақайдгирӣ ба имтиҳонҳои дохилшавӣ дар Тоҷикистон

Арзиши хизматрасонӣ барои як довталаб вобаста аз зинаи таҳсилоти доштааш дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  чунин муқаррар гардидааст:

Довталабоне, ки таҳсилоти миёнаи умумӣ (яъне, хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 11-ум), ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ доранд 210 сомонӣ,  довталабоне, ки таҳсилоти умумии асосӣ доранд (яъне, хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9-ум) 160 сомонӣ ва барои  азнавбақайдгирӣ ҷиҳати иваз кардани интихобҳои аввала барои довталабоне, ки дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ (аз 15-ум то 30-юми июн) номнавис мекунанд 25 сомонӣ  муайян шудааст.

Тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони то 21-солае,  ки ятими кул ё бепарасторанд, аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ  озод мебошанд. Шахсони то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд ва маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ҳастанд  аз супоридани 50%-и маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озод мебошанд.

Агар шахс ҳам маъюби гурӯҳи 1-ум ё 2-юм ё «кӯдаки маъюб» бошаду ҳам падар ё модараш вафот карда бошад, ё дар парастории яке аз онҳо қарор дошта бошад, он гоҳ ӯ аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озод аст.

Маблағи хизматрасонӣ дар ИМД бояд пеш аз бақайдгирӣ дар яке аз филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пардохт карда шавад.

Инчунин, барои довталабоне, ки дар марҳалаи асосӣ (аз 2-юми март то 30-юми апрел) худро номнавис кардаанду интихобҳои аввалаи худро иваз кардан мехоҳанд, марҳалаи иловагии азнавбақайдгирӣ аз 15-уми июн оғоз ва то 30-юми июн давом меёбад.

Абитуриент на вступительном экзамене, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ба Маркази миллии тестӣ шикоятҳои беасос ворид шудааст

Марҳалаи иловагии азнавбақайдгирӣ низ дар нуқтаҳои бақайдгирии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Бохтар ва Кӯлоб сурат мегирад.

Довталабоне, ки интихобҳои аввалаи худро иваз кардан мехоҳанд, бояд бо (1) шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият (бо муҳру сурат), ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст; (2) варақаи бақайдгирии даври бақайдгирии асосӣ ва (3) расид аз филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» оид ба пардохти маблағи пурра (210 сомонӣ – барои довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ ва 160 сомонӣ – барои довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ) ба нуқтаи бақайдгирии барояшон наздик ё мувофиқ муроҷиат кунанд.

Манбаъ афзуда, ки довталабон метавонанд маълумоти муфассалро дар бораи бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ, муассисаҳои таълимии ба низоми ИМД дохилшуда ва дигар раванду марҳалаҳои имтиҳонҳои мазкур аз дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб», ки шакли электронии он дар сомонаи Маркази миллии тестӣ ҷойгир карда шудааст, дастрас намоянд.

Лентаи хабарҳо
0